Баъди ҳамла ба “Крокус”. Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳафт моҳ инҷониб бедарак аст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Хонаводае дар шимоли Тоҷикистон ҳафт моҳ ин ҷониб, аз ҳамон рӯзе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ва бо гумони содир кардани он чанд шарҳванди Тоҷикистон дар шароити мармуз боздошт гардид, интизори сардори оилаи худ мебошад.

Манучеҳр Болтуев, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки чандин сол ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар шаҳру навоҳии атрофи Маскав ба сохтмон машғул буд.

Бори охир ӯ ҳафт моҳ пеш, шаби 22 ба 23-юми марти соли 2023, дақиқан ҳамон шабе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан бармегардад. Аммо бо ҳамин дигар бедарак шудааст.

“9 моҳ дар Русия буд. Он ҷо ҷарроҳӣ шуд ва хост, ки баргардад. 19-уми март ба роҳ баромад, дар Маскав 3 рӯз дар меҳмонхона, интизори нақлиёт буд. Ва рӯзи 22-юми март ба роҳ баромад. Вале соати 23-и шаб занг заду гуфт, ки ман дар автобус меравам, вале маро дар нимароҳ фароварданд, намедонам, ки инҷо куҷо аст. Дар WhatsApp (тариқи навор) нишон дод, роҳи калон буд. Мо суҳбат кардем. Вале пас аз ин дигар натавонистем бо ӯ тамос гирем”, – мегӯяд Сайҳуна Музаффарова, ҳамсари Манучеҳр Болтуев.

Муроҷиати оилаи Манучеҳр Болтуев  ба мақомот чӣ натиҷа дод ва ҳоло онҳо чӣ рӯзгоре доранд? Муфассал дар гузориши зерин бубинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...