Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар аввалин бозиҳои даври баргашти марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё аз рақибонашон шикаст хӯрда, имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст доданд. Шогирдони Игор Черевченко рӯзи 5-уми ноябр дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар Урдун бо “Ал-Ваҳда” вохӯрӣ анҷом доданд. Ин бозӣ бо натиҷаи 1 бар […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар аввалин бозиҳои даври баргашти марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё аз рақибонашон шикаст хӯрда, имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст доданд.

Шогирдони Игор Черевченко рӯзи 5-уми ноябр дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар Урдун бо “Ал-Ваҳда” вохӯрӣ анҷом доданд. Ин бозӣ бо натиҷаи 1 бар 0 бо пирӯзии дастаи мизбон поён ёфт ва баъди ин нокомӣ “Истиқлол” пурра имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дод.

“Истиқлол” дар гурӯҳи “С”-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳамроҳ бо дастаҳои “Сипоҳон”-и Эрон, “Ал-Ваҳда”-и Урдун ва “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб қарор дошт. Дар чор бозии худ ин даста ягон имтиёз ба даст оварда натавонист ва ҳама бозиҳоро бохт.

Дар бозии навбатии худ “Истиқлол” рӯзи 26-уми ноябр дар сафар бо “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар ин давр аз “Сипоҳон”-и Эрон бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуд, рақобат хоҳад кард.

Гурӯҳи “С”

“Ал-Ваҳда”-и Урдун – 10 хол;

“Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб – 7 хол;

“Сипоҳон”-и Эрон – 6 хол;

“Истиқлол”-и Тоҷикистон  – 0 хол;

Ҳамчунин, дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ҳам дар аввалин рақобати даври баргашти марҳилаи гурӯҳии сатҳи дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “А” аз рақиби “Трактор”-и Табрез шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми 6-уми ноябр дар Эрон баргузор шуд ва бо натиҷаи бузурги 7 бар 0 ба нафъи табрезиҳо поён ёфт.

Баъди ин бохти бузург “Равшан” низ имкони баромадан ба марҳилаи баъдии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиёро бидуни ба даст овардани имтиёзе пурра аз даст дод.      

Ёдрас мешавем, ки “Равшан” дар бозии якуми худ дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, ки рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон баргузор гардида, бо натиҷаи 0:0 тамом шуда буд, як имтиёз ба даст овард. Аммо баъдан имтиёзи “Равшан” бекор шуд, зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор” худдорӣ кард ва аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё берун карда шуд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошад, “Равшан” рӯзи 2-юми октябр дар Душанбе аз тими “Ал-Вакра”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 ноком шуд.

“Равшан” бозии охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рӯзи 5-уми декабр бо “Ал-Вақра”-и Қатар дар сафар анҷом хоҳад дод.

Гурӯҳи “А”

“Трактор”-и Эрон – 9 хол;

“Ал-Вақра”-и Қатар – 3 хол;

“Равшан”-и Тоҷикистон – 0 хол.

“Моҳун Баган”-и Ҳиндустон бо сабаби худдорӣ аз парвоз ба Эрон ва бозӣ бо “Трактор” аз идомаи иштирок дар мусобиқот маҳрум гардид.

Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.

Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.

Ду дастаи Тоҷикистон сарфи назар аз роҳхат нагирифтан ба марҳилаҳои финалӣ барои иштирок дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.