Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад

Ба радабандӣ (рейтинг)-и нави беҳтарин донишгоҳҳои Осиё дар соли 2025 – 65 мактаби олии минтақаи Осиёи Марказӣ дохил шудаанд. Миёни онҳо танҳо як мактаби олии Тоҷикистон – донишгоҳи миллӣ зикр шудааст. Ба радабандӣ 35 мактаби олии Қазоқистон, 23 мактаби олии Ӯзбекистон ва 6 мактаби олии Қирғизистон шомил гардидаанд. Қобили зикр аст, ки радабандӣ 985 мактаби […]

Ба радабандӣ (рейтинг)-и нави беҳтарин донишгоҳҳои Осиё дар соли 2025 – 65 мактаби олии минтақаи Осиёи Марказӣ дохил шудаанд. Миёни онҳо танҳо як мактаби олии Тоҷикистон – донишгоҳи миллӣ зикр шудааст. Ба радабандӣ 35 мактаби олии Қазоқистон, 23 мактаби олии Ӯзбекистон ва 6 мактаби олии Қирғизистон шомил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки радабандӣ 985 мактаби олӣ аз 25 кишвар ва қаламравро фаро гирифтааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар радабандии умумии мактабҳои олии Осиё қарор гирифтааст.

Радабандии беҳтарин донишгоҳҳои Осиё бар асоси меъёрҳои гуногун таҳия мешаванд ва барои арзёбии сифати таҳсилот, фаъолиятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, эътирофи байналмилалӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими мактабҳои олии минтақа кумак мерасонанд.

Яке аз меъёрҳои муҳим дар таҳияи радабандӣ обрӯ ва нуфузи академӣ бар асоси пурсишҳо миёни коршиносони академикӣ мебошад.

Илова бар ин, арзёбии назарсанҷии корфармоён низ ба назар гирифта мешавад, ки ин нишондиҳанда аз то чӣ андоза дар бозори кор талабот доштани хатмкунандагони мактабҳо ва баҳогузории корфармоён ба омодагии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Яке аз меъёрҳои асосии дигар иқтибосҳо аз нашрияҳои илмӣ мебошад. Миқдори иқтибосҳо ба ҳар як нашр саҳми муассисаи таълимӣ дар илм ва таъсири онро ба ҷомеаи академикӣ инъикос мекунад.

Дар радабандӣ ҳамчунин таносуби омӯзгорон ва донишҷӯён ба ҳисоб гирифта мешавад. Таносуби камтар нишондиҳандаи муносибати инфиродӣ ба таҳсил ва сифати беҳтари таҳсилот мебошад.

Ниҳоят, ҳиссаи донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ низ муҳим аст. Сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба табодули дониш ва ғанигардонии фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.