Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд

Date:

Размикори то ҳол таъми бохтро начашидаи тоҷик Нурулло Алиев (9-0) рӯзи 11 январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас-Вегас (UFC Vegas 101 in Las Vegas) ба октагон (толор) мебарояд. Ӯ бо намояндаи Исроил (8-1) Янал Ашмоз рақобат мекунад.

Дар бораи ташкили рақобат миёни Нурулло Алиев ва Янал Ашмоз инсайдери амрикоӣ Марсел Дорф хабар додааст. Мухлисон Нурулло Алиевро бо лақаби “уқоби тоҷик” ва Янал Ашмозро бо лақаби “рӯбоҳи зард”-и низ ном мебаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нурулло Алиеви 25-сола соли 2022 бо Лигаи пурқуватарини ҷаҳон қарордод баст. Моҳи феврали соли гузашта дар рақобати аввалинаш бо Рафаэл Алвес бо аксарияти овозҳои доварон ғалаба ба даст овард.

То ҳол Нурулло Алиев 9 рақобат гузаронида, дар ҳамааш дастболо шудааст. Ягон маротиба ба бохт дучор нашудааст.

Янал Ашмози 29-сола дар UFC се рақобат гузаронида, ду бор ғолиб ва 1 маротиба шикаст хӯрдааст. Янал Ашмоз 8 ғалаба ва 1 бохт дорад.

Нурулло Алиев соли 1999 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ нахуст дар гӯштини тарзи озод машқ карда, сипас ба муҳорибаҳои омехта гузаштааст.

Алиев моҳи марти соли 2018 дар доираи лигаи Samara MMA Federation бо қарори якдилонаи доварон Сергей Маликовро мағлуб карда, сипас бо се ғалабаи пайдарпай ба AMC Fight Nights гузашт ва дар рақобати нахуст бо қарори якдилонаи ҳакамон бар Александр Гребнев дастболо шуд.

Моҳи сентябри соли 2021 Алиев муқобили Кирилл Крюков ба майдон баромад. Дар ин рақобат Нурулло бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Моҳи сентябри соли 2022 имкон пайдо кард, ки дар Dana White's Contender Series ҳунарнамоӣ кунад.

Дар ин ҷо ӯ тариқи нокаут Ҷо Уикро мағлуб карда, бо UFС қарордод ба имзо расонид. Дар рақобати аввал дар доираи лигаи амрикоӣ Алиев бо қарори аксари доварон Рафаэл Алвесро шикаст дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...