Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад

То моҳи апрели соли 2025 ба Қазоқистон 11 млрд метри мукааб об аз Сирдарё ваъда доданд. Тавре ки vlast.kz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хабар медиҳад, чунин қарор зимни ҷаласа дар Ашқобод қабул шудааст. Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нуржан Нуржигитов бо намояндагони Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид […]

То моҳи апрели соли 2025 ба Қазоқистон 11 млрд метри мукааб об аз Сирдарё ваъда доданд. Тавре ки vlast.kz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хабар медиҳад, чунин қарор зимни ҷаласа дар Ашқобод қабул шудааст.

Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нуржан Нуржигитов бо намояндагони Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид намуда, Қирғизистон ба сифати нозир иштирок кардааст.

Тибқи нақша, то 1 апрел ба обанбори Шардара ҳаҷми зарурии об ворид мешавад, ки ба таъмини минтақаҳои ҷануби Қазоқистон бо об барои мавсими обёрии соли 2025 имкон медиҳад.

“Мехоҳам натиҷаи мусбати кори муштаракро аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 86-ум зикр кунам. Аз ҷумла, қарордодҳо бо Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика амалӣ шуда, инчунин дар мавриди мувофиқаи реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими обёрии соли равон тадбирҳо андешида шуданд”, – гуфтааст Нуржигитов.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин ҷадвали кори обанборҳоро дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амударё тасдиқ намуда, маҳдудиятҳо (лимитҳо)-и интиқоли об барои кишвраҳои Осиёи Марказиро дар давраи тирамоҳу зимистони оянда тақсим карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии навбатии комиссия дар семоҳаи аввали соли 2025 ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.