Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд

Размикори то ҳол таъми бохтро начашидаи тоҷик Нурулло Алиев (9-0) рӯзи 11 январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас-Вегас (UFC Vegas 101 in Las Vegas) ба октагон (толор) мебарояд. Ӯ бо намояндаи Исроил (8-1) Янал Ашмоз рақобат мекунад. Дар бораи ташкили рақобат миёни Нурулло Алиев ва Янал Ашмоз инсайдери амрикоӣ Марсел Дорф хабар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикори то ҳол таъми бохтро начашидаи тоҷик Нурулло Алиев (9-0) рӯзи 11 январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас-Вегас (UFC Vegas 101 in Las Vegas) ба октагон (толор) мебарояд. Ӯ бо намояндаи Исроил (8-1) Янал Ашмоз рақобат мекунад.

Дар бораи ташкили рақобат миёни Нурулло Алиев ва Янал Ашмоз инсайдери амрикоӣ Марсел Дорф хабар додааст. Мухлисон Нурулло Алиевро бо лақаби “уқоби тоҷик” ва Янал Ашмозро бо лақаби “рӯбоҳи зард”-и низ ном мебаранд.

Нурулло Алиеви 25-сола соли 2022 бо Лигаи пурқуватарини ҷаҳон қарордод баст. Моҳи феврали соли гузашта дар рақобати аввалинаш бо Рафаэл Алвес бо аксарияти овозҳои доварон ғалаба ба даст овард.

То ҳол Нурулло Алиев 9 рақобат гузаронида, дар ҳамааш дастболо шудааст. Ягон маротиба ба бохт дучор нашудааст.

Янал Ашмози 29-сола дар UFC се рақобат гузаронида, ду бор ғолиб ва 1 маротиба шикаст хӯрдааст. Янал Ашмоз 8 ғалаба ва 1 бохт дорад.

Нурулло Алиев соли 1999 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ нахуст дар гӯштини тарзи озод машқ карда, сипас ба муҳорибаҳои омехта гузаштааст.

Алиев моҳи марти соли 2018 дар доираи лигаи Samara MMA Federation бо қарори якдилонаи доварон Сергей Маликовро мағлуб карда, сипас бо се ғалабаи пайдарпай ба AMC Fight Nights гузашт ва дар рақобати нахуст бо қарори якдилонаи ҳакамон бар Александр Гребнев дастболо шуд.

Моҳи сентябри соли 2021 Алиев муқобили Кирилл Крюков ба майдон баромад. Дар ин рақобат Нурулло бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Моҳи сентябри соли 2022 имкон пайдо кард, ки дар Dana White's Contender Series ҳунарнамоӣ кунад.

Дар ин ҷо ӯ тариқи нокаут Ҷо Уикро мағлуб карда, бо UFС қарордод ба имзо расонид. Дар рақобати аввал дар доираи лигаи амрикоӣ Алиев бо қарори аксари доварон Рафаэл Алвесро шикаст дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.