Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард

Дирӯз, 17-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вилояти Суғд сафар кард. Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан бо ифтитоҳи бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор оғоз ёфт. Ин бино аз ҷониби гурӯҳи […]

Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан бо ифтитоҳи бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор оғоз ёфт.

Ин бино аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, аз 16 синфхона иборат аст ва барои таҳсили 520 хонанда пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин мактаб китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет мавҷуд буда, 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус фаъолият мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат маънидод кардааст.

Инчунин, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудааст.

Аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент дорои 12 синфхона буда, дар он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст вуҷуд дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент бошад, дорои 6 синфхона мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад.

Дар умум, дар муассисаҳои таълимии навбунёд 100 ҷойи кории нав ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст, имкон фароҳам оварда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуда, ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон дар шащри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ “Истаравшан Энерго” ва Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "АДЛ"  оғоз бахшид ва масъулинро вазифадор намуд, ки  барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, рушди саноат ва тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Сафари кории Эмомалӣ ба вилояти Суғд идома дорад ва аз ҷараёни он, баъдтар маълумоти бештар нашр мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.