“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад

Размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки дар Лигаи UFC аз ӯ “Танк”-и тоҷик низ ном мебаранд, муҳлати қарордодашро бо Лига боз ба 4 рақобати дигар дароз кард. Дар назар аст, ки ӯ рақобати нави худро соли 2025 баргузор намуда, ҳамчунин ба вазни дигар – 77 кг мегузарад. Ба гуфтаи размикор, ӯ метавонист бо шартномаи нав дар […]

Размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки дар Лигаи UFC аз ӯ “Танк”-и тоҷик низ ном мебаранд, муҳлати қарордодашро бо Лига боз ба 4 рақобати дигар дароз кард. Дар назар аст, ки ӯ рақобати нави худро соли 2025 баргузор намуда, ҳамчунин ба вазни дигар – 77 кг мегузарад.

Ба гуфтаи размикор, ӯ метавонист бо шартномаи нав дар PFL бимонад. ACA низ маблағҳои хуб пешниҳод мекард, аммо на дар сатҳи PFL.

«Агар дар он ҷо ба ман чунин маблағ медоданд, эҳтимол, ба Русия мерафтам. Назар ба UFC дар PFL зиёдтар маблағ пардохт мекунанд. Агар он ҷо мемондам, бештар пул кор мекардам. Барои он ба UFC гузаштам, ки дар PFL зуд-зуд бояд қувваозмоӣ мегузаронидам. Дар зарфи ҳафт моҳ панҷ муҳориба анҷом додам. Ин барои як варзишгар, ки вазн мепартояд, хеле зиёд аст. Агар чунин намебуд, дар PFL мемондам ва дар он ҷо се-чор маротиба бештар маблағ кор мекардам», – зикр кард ӯ.

Тобистони имсол варзишгари тоҷик изҳор дошта буд, ки муҳлати шартномаи ӯ бо UFC барои чор қувваозмоӣ пешбинӣ шуда буд ва охирин рақобат бо Трей Огдени амрикоӣ баргузор шуд.

«Шартномаи навро ба ман баъд аз ин вохӯрӣ ваъда карданд. Интизор мешавам. Оё худро дар дигар ташкилотҳо тасаввур мекунам? Ба пешниҳоди маблағи хуб вобаста хоҳад буд. Агар пас аз UFC тавонам бо тиҷорати хуб машғул шавам, умуман, иштирок намекунам. На дар ҷангҳои беқоида ва на дар ҷойи дигар», – гуфта буд он замон Раҷабов.

Ёдрас мекунем, ки Лоиқ Раҷабов бори нахуст дар Лигаи UFC дар мавсими 2023 пас аз як ҳафта баъди Нурулло Алиев рақобат кард. Раҷабов яке аз размикорони таҷрибадори ММА аз Тоҷикистон ва Ховари Миёна мебошад. Ба ҷуз UFC, ӯ дар PFL низ 9 рақобат гузаронида, дар 4 қувваозмоӣ ғолиб омадааст ва дар 4 рақобат шикаст хӯрда, 1 муҳорибааш мусовӣ анҷом ёфтааст.

То ба ИМА рафтан Лоиқ Раҷабов дар промоушенҳои маҳалии Тоҷикистон, Alash Pride-и Қазоқистон ва Лигаҳои Sprawl & Brawl, GMC, Pro-League Fighting-и Олмон ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ин мусобиқаҳо ӯ ягон бор ба бохт дучор нашуда, рекорди 11-0 ба даст овардааст.

Дар Лигаи асосии ҷаҳон ба Лоиқ Раҷабов хеле зуд пас аз як рӯзи қарордод имзо кардан бо UFC рақобат муқаррар шуд.

Он вақт Раҷабов бар Эстебан Рибович аз Аргентина дастболо шуда, рақобати ояндааш моҳи июн муқаррар шуд. Ин дафъа ӯ аз размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.  

Дар рақобати сеюм дар UFC Раҷабов дар UFC Vegas 87 бо нокаути техникӣ дар раунди сеюм бар Абдул-Карим Ал-Севади (Фаластин) ғолиб омада, дар рақобати чорум дар UFC аз Трей Огден (ИМА) шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.