Дар мусобиқаи UFC Vegas 94 Лоиқ Раҷабов аз Трей Огден шикаст хӯрд

Дар ИМА мусобиқаи UFC on ESPN 60 (Vegas 94) баргузор шуд, ки дар яке аз рақобатҳо (кард)-и пешакии он размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов (18-6-1, UFC 2-2) муқобили амрикоӣ Трей Огден (18-6, UFC 3-2-1NC) ба майдон баромад. Бо қарори якдилонаи доварон Трей Огден ғолиби рақобат бо Лоиқ Раҷабов дониста шуд. Ба ин тариқ, Лоиқ Раҷабов ҳамаи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар ИМА мусобиқаи UFC on ESPN 60 (Vegas 94) баргузор шуд, ки дар яке аз рақобатҳо (кард)-и пешакии он размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов (18-6-1, UFC 2-2) муқобили амрикоӣ Трей Огден (18-6, UFC 3-2-1NC) ба майдон баромад.

Бо қарори якдилонаи доварон Трей Огден ғолиби рақобат бо Лоиқ Раҷабов дониста шуд.

Ба ин тариқ, Лоиқ Раҷабов ҳамаи чор рақобаташро тибқи қарордод бо UFC баргузор намуд. Ҳоло маълум нест, ки муҳлати қарордод бо кадом шартҳо бо ӯ тамдид мешавад ё не.

Лоиқ Раҷабов дар ММА байни ҳаваскорон дар соли 2015 унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд. Чанде дар PFL ҳунанамоӣ карда, дар UFC аз соли гузашта иштирок мекунад. Дар ин ҷо ӯ ду ғалаба ва як бохт дорад.

Раҷабови 33-сола рақобати охирини худро моҳи март дар доираи мусобиқаи UFC Vegas 87 бо амрикоӣ Абдул-Карим Ал-Севадӣ баргузор намуд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ рақиби худро дар раунди сеюм бо як зарбаи дасти рост ба нокаут фиристод. Лоиқ Раҷабов ҳамагӣ 16 ғалаба, 6 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Лоиқ Раҷабов бори нахуст дар UFC дар мавсими соли 2023 иштирок кард. Ӯ Эстебан Рибовичро мағлуб карда, пас аз як рӯзи имзо қарордод бо UFC аз варзишгари полшагӣ Матеуш Ребетский шикаст хӯрд. Дар рақобати сеюм ӯ бар Абдул-Карим Ал-Севади пирӯз шуд.

Раҷабов яке аз размикорони таҷрибадори ММА аз Тоҷикистон ва Ховари Миёна мебошад. Ба ҷуз UFC, ӯ дар PFL низ 10 рақобат гузаронида, дар 4 қувваозмоӣ ғолиб омадааст ва дар 4 рақобат шикаст хӯрда, як муҳорибааш мусовӣ анҷом ёфтааст.

То ба ИМА рафтан Лоиқ Раҷабов дар промоушенҳои маҳалии Тоҷикистон, Alash Pride-и Қазоқистон ва Лигаҳои Sprawl & Brawl, GMC, Pro-League Fighting-и Олмон ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ин мусобиқаҳо ӯ ягон бор ба бохт дучор нашуда, рекорди 11-0 ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.