Иштироки ҷудокорони тоҷик дар охирин мусобиқаи ҷаҳонии мавсими имсола

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Чор нафар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба ҷудои силсилаи Тоскулоҳи бузург (Grand Slam) барои дарёфти медал ва имтизёҳо дар радабандӣ (рейтинг) қувваозмоӣ мекунанд.

Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-8 декабр дар Токио (Ҷопон) баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон барои иштирок дар мусобиқа 177 ҷудокор аз 42 кишвар сабтином шудаанд. Ин мусобиқаи охирини бузурги ҷаҳонӣ дар соли равон барои ҷудокорон аст.  

Мунтахаби Тоҷикистон аз гӯштингирон Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров (73 кг), Умед Раҷабов (90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) иборат аст.

Дар ин мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург ҷудокорон дар 14 дараҷаҳои вазн (7 байни заон ва 7 байни мардон) рақобат мекунанд.

Ба ҷуз дарёфти медалу имтиёзҳо, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои инфиродӣ бо мукофотпулиҳои зерин қадрдонӣ карда мешаванд:

– барои ҷойи 1-ум – 5000 евро (варзишгар – 4000 евро, мураббӣ – 1000 евро)

– барои ҷойи 2-юм – 3000 евро (варзишгар – 2400 евро, мураббӣ – 600 евро)

– барои 2 ҷойи 3-юм – ҳар кадоме 1500 евро (варзишгар – 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).

Илова бар ин, ҷудокороне, ки дар ин мусобиқа соҳиби ҷоиза мешаванд, имтиёзҳо ба даст меоранд. Ҷудокорони соҳиби медали тилло 100 имтиёз (балл), медали нуқра – 700 имтиёз ва медали биринҷӣ – 500 имтиёз мегиранд. Ҷудокороне, ки зинаҳои аз 5 то 7-умро касб мекунанд, мутаносибан ба 360 ва 260 имтиёз соҳиб мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...