“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод

Ширкати “Барқи тоҷик” қарордоди ду рӯз пеш, 24-уми ноябр, бо ширкати “Брешно” оид ба фирӯши барқ имзошударо шарҳ дод. “Созишномаи фурӯши барқ бо ширкати “Брешно” – и Афғонистон ҳамасола баста мешавад (то соли 2028), ки дар замони ҷорӣ набудани маҳдудияти дохилӣ амал мекунад. Содирот аз моҳи май то сентябр давом меёбад”, – гуфт Қурбон Аҳмадзода, […]

Asia-Plus

Ширкати “Барқи тоҷик” қарордоди ду рӯз пеш, 24-уми ноябр, бо ширкати “Брешно” оид ба фирӯши барқ имзошударо шарҳ дод.

“Созишномаи фурӯши барқ бо ширкати “Брешно” – и Афғонистон ҳамасола баста мешавад (то соли 2028), ки дар замони ҷорӣ набудани маҳдудияти дохилӣ амал мекунад. Содирот аз моҳи май то сентябр давом меёбад”, – гуфт Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”.

Ӯ гуфт, дар тобистон, ки об бидуни агрегат беҳуда сарф нашавад, ширкати “Барқи Тоҷик” бо ширкати “Брешно” шартнома мебандад ва дар доираи он ба Афғонистон барқ интиқол медиҳад.

“Ин ба маҳдудияти давраи зимистон ягон алоқамандӣ надорад ва аз даврае, ки маҳдудият дар дохили кишвар шуруъ мегардад, барқи истеҳсолшуда танҳо дар дохили Тоҷикистон истифода мешавад”, – зикр кард Қурбон Аҳмадзода.

Бояд гуфт, қарордод дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 ду рӯз пеш, 24-уми ноябр, миёни ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “Брешно” дар Туркия имзо шуд.

Онро Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, роҳбари ширкати “Брешно” имзо карданд. Аммо ҷузъиёт аз ин қарордод зикр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон соли 2008 имзо шудааст ва то соли 2028 амал мекунад. Ахири ҳар сол ҷонибҳо барои соли минбаъда протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ ва нархи он муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.