Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикори тоҷик дар дивизиони нимасабуки UFC Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3)   рӯзи 1 феврал дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 250 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) бо намояндаи Австралия Каан Офли рақобат мекунад.

Наимов бори охир моҳи июни соли 2024 дар мусобиқаи UFC on ABC 6 муқобили Фелип Лиме ба майдон баромада, дар раунди сеюм бо усули буғикунанда мағлуб шуд. Ӯ 11 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Офли рақобати охирини худро моҳи августи соли 2024 дар мусобиқаи UFC on ESPN 62 баргузор намуда, дар раунди дуюм аз Майрос Сантос бо нокаут шикаст хӯрд. Ӯ 11 ғалаба, 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Моҳи июни соли 2024 Муҳаммад Наимов дар рақобати чоруми худ дар доираи Чемпионати мутлақи разкимкорони (UFC) шикаст хӯрд. То ин дам пайдарҳам се ғалаба ба даст оварда буд.

Наимов 7 августи соли 1994 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ чанде пеш ба муҳорибаҳои омехта гузашт. Қаблан дар таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинг ҳунарнамоӣ мекард. Дар вазнҳои гуногун қаҳрамони Осиё ва ҷаҳон шудааст.

Рақобати аввалинаш дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ моҳи ноябри соли 2018 дар мусобиқаи Jonathan Ogden Foundation баргузор гардид, ки дар он ӯ дар раунди дуюм бо нокаути техникӣ бар Дернато Харрис дастболо шуд.

Моҳи январи соли 2019 Муҳаммад дар аввалин рақобати худ дар мусобиқаи 52-юми лигаи Titan FC  бо нокаути техникӣ Харрис Мелендесро мағлуб кард. Дар лигаи мазкур Наимов боз се рақобат гузаронида, дар ҳамааш дастболо шуд.

Моҳи сентябри соли 2015 Муҳаммад дар мусобиқаи Dana White's Contender Series ширкат варзида, имкон пайдо кард, ки бо UFC қарордод бандад, лекин дар рақобат бо Колин Англин  бо қарори якдилонаи доварон ба бохт дучор шуд.

Наимов ба Titan FC баргашта, ду рақобат доир намуд: аз Оливер Мурад шикаст хӯрда, Андре Понсро мағлуб кард. Моҳи августи соли 2022 Наимов дар мусобиқаи Tuff-N-Uff 129 иштирок карда, Ситик Мудиевро мағлуб кард. Моҳи марти соли 2023 дар мусобиқаи Tuff-N-Uff 131 бо нокаути техникӣ дар раунди якум бар Дилан Шулт дастболо шуд.

Моҳи майи ҳамон сол маълум шуд, ки Наимов бо UFC қарордод бастааст. Рақобати аввали ӯ дар пурқувваттарин лига моҳи июн дар доираи мусобиқаи UFC on ESPN 46 доир гардида, дар раунди дуюм ӯ бо нокаути техникӣ Ҷейм Малларкиро шикаст дод.

Дар идома Наимов моҳи октябри соли 2023 дар доираи мусобиқаи UFC 294 ба толор баромада, дар рақобат бо Натниэл Вуд бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд.

Моҳи феврали соли 2014 дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 237 дар Мексика Муҳаммад бо нокаут дар раунди якум Эрик Силваро мағлуб кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...