“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ

Пулиси Душанбе мардеро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Арабистон Саудӣ аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст. Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 26-уми ноябр бо нашри хабари дастгир шудани ин мард гуфт, ӯ Бахиров Парвиз ном дошта, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Ба гуфтаи пулиси пойтахт, ин мард қаблан бо […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Пулиси Душанбе мардеро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Арабистон Саудӣ аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст.

Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 26-уми ноябр бо нашри хабари дастгир шудани ин мард гуфт, ӯ Бахиров Парвиз ном дошта, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст.

Ба гуфтаи пулиси пойтахт, ин мард қаблан бо ҷурмӣ қаллобӣ суд шуда, барои мардумфиребӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштааст.  Гуфта мешавад, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб аз 42 нафар барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ маблағ гирифта, барои онҳо чиптаҳои қалбакӣ омода кардааст.

Пулиси Душанбе дар мавриди ин қазия шарҳи бештаре надода ва миқдори пуле, ки ин мард ба даст овардааст, эълон накардааст. Ҳамчунин, гуфта намешавад, ки ин мард сокинонро барои фиристодан ба ҳаҷ фиреб додааст, ё барои корҳои дигар.

Мақомот мегӯянд, алайҳи Бахиров Парвиз бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда ва тафтишотро давом дода истодаанд.

Бар асоси ин иттиҳом ба боздоштшуда аз 18 ҳазор то 26 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи Бахиров Парвиз ва наздикону пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки агар мавриди фиреби Бахиров Парвиз қарор гирифта бошанд, метавонанд бо рақамҳои 2211542 ва 2210057 ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон чанд бор аз боздошти онҳое хабар дода буданд, ки хоҳишмандони сафар ба ҳаҷро фиреб додаанд. Моҳи июли соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини 30-солаи ноҳияи Фархор хабар дода буд, ки гуфта мешуд, аз ду нафар барои фиристодан ба ҳаҷ наздики 180 ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст. Ин ниҳод гуфта буд, ки тафтишоти ин қазия давом дорад, вале дигар маълум нашуд, ки тафтиши ин ҳодиса то ба куҷо расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.