Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, мушкили норасоии рухсатнома барои убури сарҳад бо Чин барои мошинҳои боркаш бартараф шуд. Баъзе ширкатҳои боркашон зикр мекунанд, ки тариқи дигар кишвар бори худро аз Чин ба Тоҷикистон мерасонанд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, рухсатнома барои убури сарҳади Тоҷикистону Чин барои мошинҳои боркаш ба “мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас шудааст” ва ширкатҳои интиқолдиҳандаи […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, мушкили норасоии рухсатнома барои убури сарҳад бо Чин барои мошинҳои боркаш бартараф шуд. Баъзе ширкатҳои боркашон зикр мекунанд, ки тариқи дигар кишвар бори худро аз Чин ба Тоҷикистон мерасонанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, рухсатнома барои убури сарҳади Тоҷикистону Чин барои мошинҳои боркаш ба “мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас шудааст” ва ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло аз Чин метавонанд бе мушкил ба фаъолияти худ идома диҳанд.

“Дирӯз, 26-уми ноябр, аз Чин рухсатнома ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас гардид ва дигар барои убури сарҳад барои моҳшинҳои боркаш мушкиле нест”, – гуфтанд аз Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс”.

Корманди яке аз кишварҳои интиқолдиҳандаи молу коло аз Чин бо шарти зикр нашудани номаш тасдиқ кард, ки мушкили чанд ҳафта пеш пайдошуда, яъне тамбашавии мошинҳои боркаш дар сарҳад, ҳал шудааст ва мошинҳо сарҳадро убур мекунанд. Аммо ӯ дар бораи дастрас шудани рухсатнома ва пешниҳоди он ба ронандагон мушаххас чизе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, баъзе ширкатҳои дигари интиқолдиҳандаи бор аз Чин, ки дар пайи пеш омадани мушкили дастраскунии рухсатнома масири ҳаракати худро тағйир дода, тариқи кишварҳои дигар бор интиқол медоданд, ҳамоно тавассути дигар давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон боркашонӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш аксар ширкатҳои интиқолдиҳандаи мол аз Чин ба Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 12 ноябр муваққатан барои овардани мол аз Чин фармоиш қабул намекунанд. Он замон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мушкилро ба норасоии рухсатномаҳои байналмилалӣ рабт дода буд.

Баъдтар ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло бо огоҳии таъхир дар интиқол қабули фармоишро идома дода, шарҳ медоданд, ки мошинҳои боркашон тариқи сарҳади Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

Рухсатнома – санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.

Санади мазкур ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.