Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ тайи ҳафтаи ахир 4,7% поин рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1000 рубл бо 100 сомонӣ иваз мешавад. Рӯзи 27 ноябр қурби рубл нисбат ба сомонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 0,1013 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар шудааст. Расо як ҳафта пеш (20 […]

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ тайи ҳафтаи ахир 4,7% поин рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1000 рубл бо 100 сомонӣ иваз мешавад.

Рӯзи 27 ноябр қурби рубл нисбат ба сомонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 0,1013 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар шудааст. Расо як ҳафта пеш (20 ноябр) 1 рубл 0,1063 сомонӣ нарх дошт. Дар ҳамин ҳол, дар бонкҳои тиҷоратӣ 1000 рублро расо бо 100 сомонӣ иваз мекунанд.

Аз оғози соли равон рубли Русия нисбат ба сомонӣ ба андозаи 19,2% (аз 0,1217 сомонӣ барои 1 рубл) беқурб шуд.

Коҳиши қурби рубл нисбати сомонӣ дар пасманзари беқурбшавии он дар муқобили доллари амрикоӣ сурат мегирад: аз оғози моҳи ноябр қурби рубл нисбати доллар зиёда аз 8% поин рафт (1 доллар – 105 рубл).

Поинравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба даромади оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, таъсири манфӣ мерасонад. Агар дар аввали сол дар нуқтаҳои интиқоли маблағ ба онҳо барои 1000 рубл 121,7 сомонӣ медоданд, пас имрӯз 1000 рублро бо 100-101 сомонӣ иваз мекунанд.

Дар қаламрави Русия тибқи маълумоти манбаъҳои гуногун, ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2023 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ ба 5,7 млрд доллар расид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Беш аз 90%-и пулҳои интиқолёфта ба кишварро рубл ташкил медиҳад.

Сабабҳои беқурбшавии рублро коршиносони бахши молияи Русия ба таҳримҳо нисбати ширкату бонкҳо, ғалабаи Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА, аз ҷониби Бонки марказии Русия боло бурдани меъёри бозтамвил, коҳиши содироту афзоиши воридот, камшавии фурӯши асъор дар бозори дохилӣ ва афзоиши талаботи сармоягузорони хориҷӣ ба асъор рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.