Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, мушкили норасоии рухсатнома барои убури сарҳад бо Чин барои мошинҳои боркаш бартараф шуд. Баъзе ширкатҳои боркашон зикр мекунанд, ки тариқи дигар кишвар бори худро аз Чин ба Тоҷикистон мерасонанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, рухсатнома барои убури сарҳади Тоҷикистону Чин барои мошинҳои боркаш ба “мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас шудааст” ва ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло аз Чин метавонанд бе мушкил ба фаъолияти худ идома диҳанд.

“Дирӯз, 26-уми ноябр, аз Чин рухсатнома ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастрас гардид ва дигар барои убури сарҳад барои моҳшинҳои боркаш мушкиле нест”, – гуфтанд аз Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс”.

Корманди яке аз кишварҳои интиқолдиҳандаи молу коло аз Чин бо шарти зикр нашудани номаш тасдиқ кард, ки мушкили чанд ҳафта пеш пайдошуда, яъне тамбашавии мошинҳои боркаш дар сарҳад, ҳал шудааст ва мошинҳо сарҳадро убур мекунанд. Аммо ӯ дар бораи дастрас шудани рухсатнома ва пешниҳоди он ба ронандагон мушаххас чизе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, баъзе ширкатҳои дигари интиқолдиҳандаи бор аз Чин, ки дар пайи пеш омадани мушкили дастраскунии рухсатнома масири ҳаракати худро тағйир дода, тариқи кишварҳои дигар бор интиқол медоданд, ҳамоно тавассути дигар давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон боркашонӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш аксар ширкатҳои интиқолдиҳандаи мол аз Чин ба Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 12 ноябр муваққатан барои овардани мол аз Чин фармоиш қабул намекунанд. Он замон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мушкилро ба норасоии рухсатномаҳои байналмилалӣ рабт дода буд.

Баъдтар ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло бо огоҳии таъхир дар интиқол қабули фармоишро идома дода, шарҳ медоданд, ки мошинҳои боркашон тариқи сарҳади Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

Рухсатнома – санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.

Санади мазкур ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...