“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Қариб ними автобусҳое, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд барои хидматрасонӣ ба сокинон харидорӣ карда буд, аз ҳаракат бозмондаанд. Масъулин сабаби онро ба набуди ронанда рабт медиҳанд, сокинон аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно шикоят доранд.

Муддатест, ки сокинони шаҳри Хуҷанд аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят доранд. Як сокини шаҳр ба “Азия-Плюс” шикоят кард, ки ҳар субҳ дар истгоҳи хатсайри Хуҷанд – Фурӯшгоҳи Марказӣ (Универмаг) то 40 дақиқа интизори омадани автобус мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин мавзеъ аз ҳама қисмати серодам ва сернақлиёти шаҳр аст.

“Аксар вақт дар интизории автобус поямон дард мекунад”, – гуфт ин сокини Хуҷанд.

Мушоҳидаҳои мо ҳам нишон дод, ки дар шаҳр теъдоди автобусҳо хеле кам аст ва сокинони зиёд дар истгоҳҳо мунтазири он мебошанд. Махсусан, оғоз ва анҷоми рӯз донишҷӯёну кормандони муассисаҳои давлатӣ бо мушкили камчинии автобус рӯбарӯ ҳастанд.

Хуршедхон Ишонов, директори КВД Коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд рӯзи 25-уми ноябр дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” вуҷуди ин мушкилро тасдиқ карда, гуфт, ки онҳо 40 автобус доранд, вале ҳоло 20-25 автобус ба мардум хидмат мерасонанду бас.

Сабаби фаъолият накардани ҳамаи автобусҳоро Хуршедхон Ишонов ба камбуди ронандагони ин намуди нақлиёт иртибот дода, гуфт, ки “дар асл 40 автобус дар хидмати сокинон ҳастанд, аммо як ронанда ҳар рӯз ба кор баромада наметавонад, аз ҳамин сабаб 20 то 25  автобус кор мекунаду бас”.

Аммо ӯ нагуфт, ки барои фаъолияти ҳамаи автобусҳо чӣ гуна коргар ҷустанд  ва чаро натавонистанд ронанда пайдо кунанд. Маоши ронандагон ҳам норӯшан монд.

Дар масъалаи шикояти шаҳрвандон Хуршедхон Ишонов гуфт, “давоми 10 моҳи имсол ягон шикояти хаттӣ аз фаъолияти автобусҳо ба корхона ворид нашудааст. Аммо шикояти шифоҳии мардум, ки бештар ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд мекунанд, саривақт баррасӣ ва қонеъ мегардад”.

Ин дар ҳоле, ки сокинони шаҳри Хуҷанд, борҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз интизориҳои тӯлонӣ дар истгоҳҳо шикоят карда буданд.

Аз вуруди автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд 7 сол сипарӣ шуд, аммо ҳамоно шикояти аҳолӣ атрофи ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд аст. Тобистони имсол як муддат автобусҳо умуман кор накард ва ин авҷи шикояти  мардумро боз зиёдтар кард.

Танҳо баъди  кӯмаки шаҳрдории Хуҷанд бо 40 тонна сӯзишворӣ як қисми автобусҳо дубора ба фаъолият оғоз кард, аммо ба иддаои сокинон қонеъкунанда нест.

Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тобистони имсол дар нишасти  матбуотияш гуфта буд, ки айни замон 80%-и автобусҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд. Аммо аз сабабҳои гаронии нархи сӯзишворӣ, ки ҳадди ақал хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва дароз будани хатти ҳаракат, ки аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд то шаҳрҳои Бӯстону Гулистон муайян шудааст, боиси мушкилоти соҳа гардидааст.

Шарифзода  гуфта буд, ки  барои талаботи шаҳрвандонро қонеъ кардан  бояд дар муддати муайян автобусҳо то истгоҳ ҳозир шаванд. Зеро қаблан дер омадани онҳо боиси норозигии сокинон гардида буд. Барои ин ҳоло хатти ҳаракати автобусҳо муайян карда мешавад, инчунин дар назар аст 50 адад электробусҳо низ харидорӣ гардад то эҳтиёҷоти мардумро бароварда шавад.

Ёдовар мешавем, ки  соли 2018 масъулини ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобусро харидорӣ карда буданд.  Харидории автобусҳо дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд" қариб 5 сол пеш амалӣ шуда буд. ҳанӯз замони вуруди автобусҳо масъулини ҳукумати Хуҷанд гуфта буданд, ки автобусҳои 12-метрӣ буда, наздик 30 адад ҷойи нишаст дошта, беш аз 110 нафар мусофиронро ба манзил мерасонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...