Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд

Баъди марги Маҳмуд Давлатови 10-сола, хонандаи мактаби 101-и  деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат, директори ин мактаб аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора имрӯз, 28-уми ноябр, ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд. Аз вазорат гуфтанд, бо вуҷуди он ки ҳодиса рӯзи шанбе ва берун аз ҳудуди мактаб рух додааст, бо назардошти иштироки хонандагони […]

Баъди марги Маҳмуд Давлатови 10-сола, хонандаи мактаби 101-и  деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат, директори ин мактаб аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора имрӯз, 28-уми ноябр, ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд.

Аз вазорат гуфтанд, бо вуҷуди он ки ҳодиса рӯзи шанбе ва берун аз ҳудуди мактаб рух додааст, бо назардошти иштироки хонандагони мактаби мазкур дар ин фоҷеаи марговар, директори мактаб аз вазифа барканор шуд.

Рӯзи 19-уми октябри имсол дар канори мактаби 101-и шаҳри Ваҳдат Маҳмуд Давлатов, хонандаи синфи 3-и ин мактаб дар натиҷаи занозанӣ бо хонандаи синфи 5-и ҳамин мактаб ба ҳалокат расид.

Фатҳиддин Давлатов, падари Маҳмуд ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, апаи Маҳмуд дар мактаб дарси варзиш дошта, тӯбро бо худ бурдааст. Маҳмуд барои тӯбаш ба мактаб меравад ва хонандае ӯро бо хонандаи дигари ин мактаб ҷанг меандозад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки вақти занозанӣ ба ҷигари Маҳмуд зарбаи сахт расида, аз дарун мекафад ва ҳамон ҷо ба ҳалокат мерасад. Ин замон падари хонанда дар муҳоҷират дар Русия буда, бо шунидани ин фоҷеа ба Тоҷикистон омадааст.

Муҳофизи мактаб низ берун аз ҳудуди мактаб рух додани ҳодисаро тасдиқ кардааст.

Тафтиши ҳодиса 21-уми октбяр аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Ваҳдат шуруъ шуда, ба нақли волидони хонанда, бо гузашти зиёда аз як моҳ мақомот ба ҷое нарасидааст.

Фотима Ситамова, роҳбари синфи Маҳмуд ба эҳтироми хонандаи фавтида курсии нишасти ӯро холӣ нигоҳ медорад.

Ин бори аввал нест, ки хонандагони мактаб дар пайи ҳодисаҳои гуногун ба ҳалокат мерасанд. Моҳе пеш дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент Тарона Ниёззода, хонандаи синфи 2 дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд. Ӯ аз сабаби набудани мактаб дар деҳаашон дар мактаби деҳаи ҳамсоя, ки қариб 5 км дур аз деҳаашон воқеъ аст, таҳсил мекард ва баъди дарс ҳангоми бозгашт ба хона ба ҳалокат расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.