Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як зани 28-сола бо иттиҳоми куштори фарзанди шавҳараш (угайаш) боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст. Дар гузориш аз ин зан Наргиза Ниёзова, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия ном бурда мешавад, ки ӯ ду сол пеш бо падари кӯдак  Сорбон […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як зани 28-сола бо иттиҳоми куштори фарзанди шавҳараш (угайаш) боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Дар гузориш аз ин зан Наргиза Ниёзова, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия ном бурда мешавад, ки ӯ ду сол пеш бо падари кӯдак  Сорбон Ниёзов оиладор шуда, барои ҳарду ин оилаи дуюм будааст.

“Қабл аз оиладорӣ Наргиза Ниёзова медонист, ки Сорбон Ниёзов ду фарзанд дорад ва ӯ парасторӣ ва тарбияи фарзандони “угаяш”-ро ба зимма гирифта буд”, – омадааст дар гузориш.

Вале ин зан шаби 14 ба 15-уми ноябр “аз ҳисси бадбинӣ ва кинаву адовати оилавӣ Ниёзов Комронҷони 9-соларо дар хонаи хобаш бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст”.

Сорбон Ниёзов, падари кӯдак дар гузориш гуфтааст, пеш аз оиладоршавӣ ба Наргиза Ниёзова гуфта буд, ки се фарзанд дорад ва ӯ розӣ шуда буд, ки онҳоро ба тарбият гирад, вале намедонад чаро ӯ фарзандашро куштааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки “ҳарчанд зоҳиран нуқсе дар саломатии ҷисмонӣ ва равонии Наргиза Ниёзова дида намешавад, вале атрофиён тағйир ёфтани рафтори ӯро ба марги бармаҳали фарзанди навзодаш, ки соли равон баъди таваллуд фавтид, рабт медиҳанд”.

Назари худи Наргиза Ниёзова, наздикон ва вакили дифои ӯ ба иттиҳом маълум нест.

Ҳоло нисбати ӯ барои куштори ноболиғ ё қисми 2-и моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гирдида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин банди қонунгузолрӣ аз 15 то 20 соли зиндон ё ҷазои қатл ё якумраро пешбинӣ мекунад.

Куштор ё латукӯби кӯдак аз ҷониби моиндар ё падарандар дар кишвар ҳодисаи нав нест. Соли 2022 низ мақомоти милитсияи вилояти Суғд куштори кӯдаки яксоларо ошкор карданд, ки модараш Мутриба Розиқова барои  пинҳон кардани хиёнат ба шавҳараш фарзанди яксолаашро дар гавҳора буғӣ карда кушта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио