Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишотӣ ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон интиқод кард. Дар ин бора хабаргузории “Медуза” иттилоъ медиҳад.

Раисҷумҳури Чеченистон гуфтааст, ки сиёсати кунунии ин мақомдорони давлатии Русия боиси бадшавии муносибатҳои байналмилалӣ ва пайдоиши адовати миллӣ шудааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки роҳбарони мақомоти давлатӣ аз минтақаҳо дур монда, бо мардум алоқа надоранд ва ин амал боиси пайдоиши тафриқа ва барангехтани адовати миллӣ мешавад.

“Чаро бо мо касе дӯст шудан намехоҳад? Чаро Украина ва Гурҷистонро аз даст додем? Чаро бо давлатҳои дигар муносибатҳо тангу торик аст? Сабаб дар он аст, ки мардум намедонанд дар давлат чӣ рӯй медиҳад. Онҳо ба минтақаҳо сафар намекунанд ва бо мардум гуфтушунид надоранд. Дар болои курсӣ нишаста, беқонунӣ мекунанд, ҷоеро намебинанд. Худованд қатъан онҳоро ҷазо хоҳад дод”, – гуфтааст Қодиров.

Инчунин, ӯ Колоколтсевро дар барангезии рӯҳияи зидди муҳоҷирӣ гунаҳгор кард, ки метавонад оқибатҳои номатлуб барои сохтори иҷтимоии Русия дошта бошад.

Ҳодисаи боздошти писарбачаи 14-солаи чеченӣ Муслим Мурдиев, ки барои муноқиша дар яке аз пркҳо дар боздоштгоҳ аст, аз ҷониби Қодиров низ интиқод карда, ин амалро намунаи дахолати беасос ба ҳуқуқи кӯдакон номидааст.

Ин бори нахуст нест, ки аз сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия интиқод мешавад. Натанҳо Александр Бастрикин ва Владимир Колоколтсев, ҳамчунин, дигар сиёсатмадорони рус ҳам ҳамвора ба зидди муҳоҷирон суханронӣ мекунад.

Чанд рӯи пеш Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунист, ки бо суханрониҳои зиддимуҳоҷиронаш машҳур аст, муҳоҷирони кориро ба беқурбшавии рубли Русия гунаҳкор кард.

Кадом мақомдори Русия ё вакили Думаи давлатии ин кишвар бар зидди муҳоҷирон бештар садо баланд мекунад, дар ин маводи мо хонед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...