Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, охири ҳафта рӯзи шанбе дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарму хушк ва рӯзи якшанбе боридани борону барф дар назар аст. Ба ин тариқ, рӯзи шанбе ҳарорат дар Душанбе рӯзона 6-8 дараҷа гарм шуда, шабона то 0 дараҷа поин меравад. Лекин аллакай рӯзи якшанбе дар пойтахт боридани борону […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, охири ҳафта рӯзи шанбе дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарму хушк ва рӯзи якшанбе боридани борону барф дар назар аст.

Ба ин тариқ, рӯзи шанбе ҳарорат дар Душанбе рӯзона 6-8 дараҷа гарм шуда, шабона то 0 дараҷа поин меравад. Лекин аллакай рӯзи якшанбе дар пойтахт боридани борону барф дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе ҳаво рӯзона нисбатан гарм – то +9 дараҷа шуда, аммо рӯзи якшанбе дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф оғоз мешавад.

Дар вилояти Суғд низ рӯзи шанбе ҳаво хушк ва то 6 дараҷа гарм ва шабона каме хунук мешавад. Рӯзи якшанбе боришот ба ин ҷо ҳам меоянд – баъзан борону барф меборад.

Ҳавои гармтарин рӯзи шан,е дар вилояти Хатлон – рӯзона то 11 дараҷа гарм дар назар аст. Лекин рӯзи якшанбе ҳаво тағйир ёфта, боридани барф пешбинӣ мешавад, бахусус дар ноҳияҳои доманакӯҳ.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 7 декабр ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят – 2-13 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзи 8 декабр дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ боридани барф пешгӯӣ шуда, дар ноҳияи Дарвоз борону барф меборад. Дар шарқи вилоят шабона ҳарорат то 40 дараҷа хунук ва рӯзона – то 13 дараҷа хунук мешавад.

Эҳтиёт шавед: борону барфи рӯзи якшанбе метавонанд ҳаракату равуо дар роҳҳои кишварро душвор кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.