Ихроҷи беш аз 40 нафар дар 2 рӯз. Комиссариати олии СММ аз Тоҷикистон хост, аз ихроҷи паноҳҷӯён ба Афғонистон худдорӣ кунад

Комисариати олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни Афғонистонро аз Тоҷикистон ҷиддан зери танқид қарор дода, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки фавран аз чунин амалҳо даст кашанд ва уҳдадориҳои байналмилалии хешро барои ҳифзи гурезагон риоя намоянд. Ин ниҳод рӯзи 7-уми декабр бо нашри як баёния гуфтааст, ки баргардонидани гурезагон ба кишваре, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Комисариати олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни Афғонистонро аз Тоҷикистон ҷиддан зери танқид қарор дода, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки фавран аз чунин амалҳо даст кашанд ва уҳдадориҳои байналмилалии хешро барои ҳифзи гурезагон риоя намоянд.

Ин ниҳод рӯзи 7-уми декабр бо нашри як баёния гуфтааст, ки баргардонидани гурезагон ба кишваре, ки метавонад барояшон хатари ҷиддӣ эҷод кунад, поймол кардани принсипи ихроҷ мебошад. Ин принсип дар моддаи 33-юми Конвенсияи СММ оид ба гурезагон дар соли 1951, ки Тоҷикистон низ имзо кардааст, сабт шудааст.

Ин ниҳоди байналмилалӣ иттилоъ додааст, ки аз 3 то 5-уми декабр мақомоти Тоҷикистон ҳадди ақал 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 паноҳҷӯйро “бе риояи тартиботи зарурӣ” аз кишвар ихроҷ кардаанд.

“Ин аллакай сеюмин ҳодисаи сабтшудаи бозгашти маҷбурӣ ба Афғонистон аз моҳи октябри соли 2024 мебошад, ки шумораи умумии депортшудагонро ба зиёда аз 40 нафар мерасонад. Ин ҳолат нигарониҳоеро дар мавриди риоя нагардидани қонунгузории байналмилалӣ оид ба ҳифзи паноҳандагон ва ҳуқуқи инсон ба миён меорад”, -омадааст дар гузориши ин созмон. 

Дар баёнияи СММ қайд шудааст, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва миллӣ, Тоҷикистон уҳдадор аст гурезагонро ва касонеро, ки ба ҳимояи байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, бозпас нафиристад.

Таъкид шуда, ки бо назардошти вазъи номусоид дар Афғонистон, Эъломияи Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, ки моҳи августи 2021 ба номи "Ёддошти роҳнамои ниёзҳои ҳифзи байналмилалии афроде, ки Афғонистонро тарк мекунанд" интишор ва феврали 2022 таҷдид шудааст, давлатҳоро даъват мекунад, ки аз баргардонидани маҷбурии шаҳрвандони Афғонистон худдорӣ карда, принсипи ихроҷро риоя намоянд.

Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон изҳор доштааст, ки аз амнияти шахсоне, ки маҷбуран ба Афғонистон баргардонда мешаванд, ки аксаран мардон ва даромадоварони асосии оилаҳояшон ҳастанд, нигаронии амиқ дорад.

“Ҷудошавии оилаҳо осебпазирии занон ва кӯдаконро, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, боз ҳам бештар мекунад”, – гуфтааст ин ниҳоди байналмилалӣ. 

Онҳо аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки “кафолат диҳад, ҳеҷ нафаре бе иродааш ба кишваре, ки дар он ҳаёт ё озодиаш бо сабаби нажод, дин, миллат, узвият дар гурӯҳи иҷтимоии муайян ё ақидаҳои сиёсӣ таҳдид мешавад, хориҷ ё баргардонида нашавад”.

Қаблан, мақомоти Тоҷикистон даҳҳо афғонистонии муқими Тоҷикистонро бо далоили гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон берун карда буданд.

Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон, як созмони иҷтимоӣ, ки ба ҳимояи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон машғул аст, ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфта буд, ки нигаронии худро ба мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои масъули байналмилалӣ дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон расонидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.