Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд

Дар овоздиҳие, ки дирӯз, 11-уми декабр, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт, ҳубара, ки дуғдоғ низ ном мебаранд, парандаи соли 2025 дар кишвар интихоб гардид. Ҳубара паррандаи нодир буда, ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Дар Тоҷикистон ду навъи ин парранда, муқимӣ ва муҳоҷир зиндагӣ мекунад. […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар овоздиҳие, ки дирӯз, 11-уми декабр, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт, ҳубара, ки дуғдоғ низ ном мебаранд, парандаи соли 2025 дар кишвар интихоб гардид.

Ҳубара паррандаи нодир буда, ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Дар Тоҷикистон ду навъи ин парранда, муқимӣ ва муҳоҷир зиндагӣ мекунад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ, тибқи ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ 23 ҷуфти дуғдоғи муқимӣ сабт шудааст, аммо дар давраи муҳоҷират шумораи онҳо то 5 ҳазору 60 адад меафзояд.

Дуғдоғ аз рӯи ҳаҷм аз мурғи хонагӣ каме калонтар буда, дарозии бадани наринаи он 65-75 см ва вазнаш 1,8-3,2 кг аст.

Он паррандаи хеле эҳтиёткор буда, бо эҳсоси хатари ночиз пинҳон мешавад. Аз ин рӯ, ба он наздик шудан қариб ғайриимкон аст. Дарозии умри ин паррандаи нодир тақрибан 20 сол аст.

Барои ҳифзи ҳубара ё дуғдоғ фонди байналмилалии ҳифзи дуғдоғ таъсис дода шудааст, ки барномаи он аз ҷониби ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дастгирӣ мешавад.

Шикори ин навъи парранда манъ буда, барои ғайриқонунӣ шикор кардани он 1280 доллар (тақрибан 14 ҳазор сомонӣ) ҷарима баста мешавад.

Ёдовар мешавем, шурӯъ аз соли 2007 дар Тоҷикистон тариқи овоздиҳӣ парандаи сол интихоб мешавад.

Соли ҷорӣ фохтак парандаи сол интихоб гардида буд.

Солҳои пеш кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазавр, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳутҳут, шоҳин, парасту (фароштурук), уқоб, заргулдор ва саъва парандаи сол интихоб шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.