БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд

Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири соли равон аз 6,5% то 7,3% боло бурд. Дар гузориши нави БОР гуфта мешавад, ҳамчунин пешбинии рушди иқтисод дар ҷумҳурӣ барои соли ояндаи 2025 аз 6,5% то 7% боло бурда шудааст. Коршиносони масоили иқтисодии БОР тағйирёбии пешбинии худро бо “афзоиши интиқоли маблағ ва тавсеъаи иқтидорҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири соли равон аз 6,5% то 7,3% боло бурд.

Дар гузориши нави БОР гуфта мешавад, ҳамчунин пешбинии рушди иқтисод дар ҷумҳурӣ барои соли ояндаи 2025 аз 6,5% то 7% боло бурда шудааст.

Коршиносони масоили иқтисодии БОР тағйирёбии пешбинии худро бо “афзоиши интиқоли маблағ ва тавсеъаи иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард” шарҳ медиҳанд.

Дар гузориш зикр мешавад, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ “ба туфайли интиқоли устувори пул иқтисоди Тоҷикистон 8,4% рушд кардааст”.

Қаблан аввали моҳи декабр дар «Шарҳи макроиқтисодӣ»-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфта мешуд, ки "суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба туфайли дорои хусусияти таъқибкунандаи рушд доштан ва суръати баланди афзоиши теъдоди аҳолӣ, баландтарин миёни кишварҳои узви БАОР боқӣ мемонад”.

Коршиносони ин муассисаи молиявӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 дар стаҳи 8,4, Арманистонро – 5,5%, Беларусро – 2,6%, Қазоқистонро – 5,5%, Қирғизистонро – 8,7% ва Русияро – дар сатҳи 2,4% пешгӯӣ мекунанд.

Пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро онҳо ба “нархҳои нисбатан баланд ба тилло ва дигар фулузот (металлҳо), ки асоси содиротро ташкил медиҳанд, инчунин нархҳои нисбатан пастттар ва энергияи воридшаванда ва маҳсулоти хӯрокворӣ”асоснок мекунанд.

"Коҳиши хароҷот барои воридот маблағҳои иловагиро озод хоҳад кард, ки кишвар метавонад барои маблағгузории истеъмол ва сармоягузорӣ истифода барад, – хулоса мекунанд таҳлилгарони Бонк. – Ин ба рушди иқтисод таъсири мусбат мерасонад".

Аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ аз рушди иқтисод дар сатҳи на камтар аз 8% интизорӣ дорад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2023 рушди иқтисоди кишвар 8,3% ташкил дода, афзоиши ҳаҷми ММД қариб ба 131 млрд сомонӣ (12,8 млрд доллар) расид.

Қариб аз чор як ҳиссаи ММД-и соли гузаштаи ҷумҳурӣ (24,3%) ба бахши кишоварзӣ рост омада, ҳиссаи соҳаи саноат 16,2%, савдо – 14,9%, андозҳо – 10,1%, нақлиёт – 9,1%, сохтмон – 7,9% ва дигар соҳаҳо – 17,5%-ро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.