“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?

Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав гуфтааст, Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо дар муомилоти мутақобилаи кишварҳои ИДМ аст. Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ 12-уми декабр дар шаҳри Маскави Русия доир гардидааст. “Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки соли 2025 раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда мегирад, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ИДМ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав гуфтааст, Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо дар муомилоти мутақобилаи кишварҳои ИДМ аст.

Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ 12-уми декабр дар шаҳри Маскави Русия доир гардидааст.

“Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки соли 2025 раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда мегирад, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ИДМ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳад дод”, – изҳор кардааст ӯ.

Қоҳир Расулзода зикр кардааст, монеа ва маҳдудиятҳо дар арсаи тиҷорат дар кишварҳои узви ин созмон то ҳол боқӣ мондаанд. Ӯ инчунин гуфтааст, ҳамоҳангсозӣ ва имзои созишнома аз ҷониби сарони кишварҳо дар самти рушди мошинсозии вазнин, энергетика, экология ва нақлиёт ҷойи муҳимро ишғол мекунад.

Иштирокдорони ҷаласа нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок барои солҳои 2025-2026-ро қабул кардаанд. Гуфта мешавад, нақшаи беш аз 200 чорабинӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, иттилоот ва коммуникатсия, нашри китоб, варзиш ва сайёҳӣ қабул гардидааст.

Дар ҷаласа инчунин тасмим гирифтаанд, ки соли 2025 ба ифтихори 80-солагии ҷашни Ғалаба “Соли сулҳу ваҳдат дар ИДМ” ва соли 2026 “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон карда шавад.

Тибқи нақша ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ИДМ 30-юми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, аз 1 январи соли 2025 ӯҳдадории раёсати ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад.

Дафъаи охир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Маскав ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио