Барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Он чӣ гуна кор мекунад?

Дар Тоҷикистон барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” (Tourist Map Tajikistan), ки махсус барои сайёҳони хориҷӣ таҳия шудааст, муаррифӣ гардид. Замима дар бораи маконҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар, тарабхонаву меҳмонхонаҳо маълумот дода, суроғаи дақиқи онро дар харита нишон медиҳад. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дар кумита гуфтанд, ки барномаи мазкур […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” (Tourist Map Tajikistan), ки махсус барои сайёҳони хориҷӣ таҳия шудааст, муаррифӣ гардид. Замима дар бораи маконҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар, тарабхонаву меҳмонхонаҳо маълумот дода, суроғаи дақиқи онро дар харита нишон медиҳад. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дар кумита гуфтанд, ки барномаи мазкур дар доираи “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030” бо маблағгузории лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Вазорати молия аз ҷониби ширкати “Ребус” таҳия шудааст.

“Ҳадафи таҳияи чунин барнома нишон додани маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад, ки дар самти рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ таҳия шудааст”,-гуфтанд дар ин ниҳод.

“Азия-Плюс” замимаи мазкурро аз назар гузаронида муайян кард, ки он барои сайёҳон ва аҳолии кишвар то кадом андоза муфид аст.

Замимаи мазкур аз бахшҳо маконҳои сайёҳӣ, тарабхона ва меҳмонхона иборат аст, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ бораи ҳар як макони сайёҳӣ ва таърихӣ, тарабхона ва меҳмонхона маълумоти кутоҳ медиҳад.

Шаҳрвандон ва сайёҳон метавонанд онро аз “Google Play” ва “App Store” боргирӣ кунанд. Дар кумита гуфтанд, ки барнома баъди боргирӣ кардан бе пайвастшавӣ ба Интернет низ кор мекунад, ки истифодабаранда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бемавҷ низ имкони истифодаи онро дорад.

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1,2 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ  аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки ин теъдод дар ҳамин давраи соли 2023-юм  каме бештар аз 1 млн нафарро ташкил медод. Вуруди аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон – 746,1 ҳазор нафар аст, ки 60 фисад аз теъдоди умумии хориҷиёни воридшударо ташкил мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.