Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шудааст. Дар анҷумани навбатии ҲХД, ки имрӯз,  18-уми декабр, гузашт ҳамаи муоинони раиси ҲХД нав шуданд.

Абдураҳмон Хонзода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо “раъйи ҳамаи вакилони ҷамъомада Эмомалӣ Раҳмон, дигарбора раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд”.

Аммо муовинони Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ ҳамагӣ нав шудаанд.

Аз ҷумла, Маликшо Неъматзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафири Тоҷикистон дар Олмон ва раиси шаҳри Норак ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якум интихоб гардидааст.

Мирзоқосим Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷойи Хайриниссо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси ҲХДТ интихоб шуданд.

Абдураҳмон Хонов гуфт, ки дар Анҷумани 15-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон 8 масъала баррасӣ гардидааст.

“Аз ҷумла дар анҷуман гузориши панҷсолаи фаъолияти ҳизб, интихоби раиси анҷуман ва аъзои нави кумитаи иҷроияи марказӣ, пешбарии 28 нафар аз рӯйхати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба номзадиии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ гардид. Инчунин оинномаи ҳизб дар тағйири нав қабул шуд ва ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда тасдиқи худро ёфтанд”, – гуфт Абдураҳмон Хонов.

Номбурда афзуд, ки баъди итмоми анҷуман дар ҳамон замон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор шудааст, ки ду масъала баррасӣ гардидааст.

“Якум масъала ин аз ҳайяти Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб интихоб кардани 27 нафар ба раёсати ин кумита ва дуввум интихоби муовинони раиси ҲХДТ буданд”, – гуфт Абдураҳмон Хонов.

Бояд гуфт, ки ҲХДТ яке аз ҳизбҳои сераъзои Тоҷикистон аст ва дар парлумони кишвар ҳам фраксияи худро дорад. Аъзои ин ҳизби ҳоким аксаран дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва амалан нерӯи муассиртарин сиёсӣ дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...