Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад

Asia-Plus

Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир, ки рӯзи 15-уми декабр мошинашон ба дарёи Фон сарозер шуда буд, идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) мегӯяд, мошинро рӯзи 17-уми декабр аз умқи дарё берун оварданд, вале дар он ҷасадҳо набуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии рӯзи 17-уми декабр соати 12:40  дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи Оби-Куҷ, деҳаи Кумарғи ноҳияи Айнӣ мошине, ки ба ронанда Гулов Абдуфотил Файзиевич, сокини ин ноҳия тааллуқ дошт, аз дохили дарё бароварданд, аммо дар дохили мошин на ронанда ва на ҳамроҳонаш набуданд.

КҲФ гуфтааст, ки ин мошин рӯзи 15 –уми декабри соли 2024, соати 15:30 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кумарғ ба самти шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум дучори садама шуда, аз баландии тақрибан 150-200 метр ба дарёи Фон сарозер шуд.

“Ғайр аз ронана дар дохили мошин ду нафари дигар, бонувони 66 ва 55-сола, сокинони деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будаанд”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ба иттилои КҲФ корҳои кофтуковӣ дар мавзеи мазкур идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...