“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон

Таҷлили шаби Ялдо дар Тоҷикистон оммавӣ нест ва онро танҳо доираҳои хурди фарҳангӣ бо дӯстону пайвандонашон ҷашн мегиранд. Дар ин гузориш аз таҷлили шаби Ялдо дар деҳаи Тангаии Ромит, дар канори Душанбе тамошо кунед. Ҷашни шаби Ялдо дар ин мавзеъ бо ҳузури сокинони маҳаллӣ ва ҳунармандону фарҳангиёни тоҷику эронӣ баргузор гардид. Барпокунандаи ин ҷашн дар ин […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Таҷлили шаби Ялдо дар Тоҷикистон оммавӣ нест ва онро танҳо доираҳои хурди фарҳангӣ бо дӯстону пайвандонашон ҷашн мегиранд. Дар ин гузориш аз таҷлили шаби Ялдо дар деҳаи Тангаии Ромит, дар канори Душанбе тамошо кунед.

Ҷашни шаби Ялдо дар ин мавзеъ бо ҳузури сокинони маҳаллӣ ва ҳунармандону фарҳангиёни тоҷику эронӣ баргузор гардид.

Барпокунандаи ин ҷашн дар ин мавзеъ Шаҳоб Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон аст, ки ҳамасола шаби Ялдоро бо мардуми ин маҳал таҷлил мекунад.

Суфраи ин шабро аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ ороста буданд. Дар рӯи хон асосан меваҳои сурхранг, чун тарбуз, анор, хурмо, лаблабу, гузошта, оташ афрухта буданд, ки рамзӣ гармӣ ва рушноиву нур аст.

Вижагиҳои шаби Ялдо ба ҳозирин тавзеҳ дода шуда, дар идома суруду оҳангҳои ҷашнӣ иҷро шуданд. Шаби ялдо бо фоли Ҳофиз, ки дар тамоми ҷашнҳои бостонӣ иҷро мешавад, ба итмом расид.

Ба гуфтаи Шаҳоб Фаррухёр, вақте Тоҷикистон омад, мушоҳида кард, ки ин ҷашн аз хотирҳо хеле фаромӯш шуда. Тасмим гирифт ақалан дар маҳалли зисти худ ин ҷашнро эҳё кунад

Бояд гуфт, соли 2022 Ялдо бо ташаббуси Эрон ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.

Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Ин ба 22-юми декабр рост меояд. Аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтару тобиши офтоб бештар ва шабҳо кутоҳтар мегардад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.