Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ДЕКАБР Соли 1939 –Дар Тоҷикистони Шӯравӣ тибқи Конститутсияи нав аввалин интихоботи Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Ин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистони нав ҳамчун қадами муҳим дар рушди иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Соли 1954 – Ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири […]

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ДЕКАБР

Соли 1939 –Дар Тоҷикистони Шӯравӣ тибқи Конститутсияи нав аввалин интихоботи Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Ин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистони нав ҳамчун қадами муҳим дар рушди иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 1954 – Ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик гузошта шуд.

Соли 1960 – Нахустин қатораи мусофирбар аз Маскав ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) омад.

Соли 1973 – Вилояти Кӯлоб дубора таъсис ёфт ва то 8 сентябри соли 1988 фаъолият кард, ки баъдан бо вилояти Қурғонтеппа якҷоя шуда, вилояти Хатлонро ташкил доданд. Қаблан 27 октябри соли 1939 таъсис ёфта, 24 августи соли 1955 барҳам дода шуда буд.

Соли 2006 – Ҳукумати Тоҷикистон ба ҶСК “Газпром” барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар майдонҳои нафту гази “Саргазон” ва “Ренгон” иҷозатнома дод.

Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку”-ро ба имзо расонид.

Соли 2012 –Эмомалӣ Раҳмон, Қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”-ро ба имзо расониданд.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расонид.

Соли 2014- Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи ғизо ва фаъолияти ҷисмониро то соли 2024” тасдиқ кард.

Соли 2020 – Бонки Осиёии Рушд барои азнавсозии роҳҳо дар вилояти Хатлон созишномаи гранти бо беш аз 67 миллион доллар тасдиқ кард.

Соли 2021- Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1921 – Зодрӯзи Усмон Мадёров, оҳангсоз.

Соли 1946 – Мавлуди Бобоҷон Атобеков, журналист.

Соли 1947 – Зодрӯзи Юсуфҷон Аҳмадзода, шоир, нависанда, тарҷумон.

Юсуфҷон Аҳмадзода хатмкардаи факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ як муддат дар нашриёти “Ирфон” фаъолият бурд. Дар тӯли фаъолияти корӣ аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми ҷонишини раиси нашриёти “Адиб” расид.

Ӯ ҳамчун шоир ва нависанда ҳам шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш “Тӯҳфаҳо” унвон дошта,  соли 1978 чоп шудааст.

Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ бо номи “Ҳафт рӯъё” ва соли 2010 романи “Ишқи духтари кулаҳпӯш”-аш ба нашр расидааст.

Соли 1954 – Мавалуди Нусратулло Юсуфбеков, табиб, ҷарроҳи асаб.

Нусратулло Юсуфбеков яке аз табибони варзидаи кишвар буда, солҳо дар Беморхонаи марказии шаҳри Душанбе ҳамчун духтури ҷарроҳ, сардухтур ва роҳбарии шӯъбаи ҷарроҳии асаб фаъолият намудааст.

Ӯ зодаи шаҳри Панҷакент ва хатмкардаи Донишкадаи тиббии ба номи Ибни Сино аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии “виолончел” (ғижжаки калони чорторӣ) аст, ки ҳамчун иди ғайрирасмии мусиқачиён-виолончелистҳо ва дӯстдорони мусиқӣ таҷлил мешавад. Дар ин сана интихоб шудани ин ҷашн ба рӯзи таваллуди Пабло Казалс, бастакори маъруфи каталонӣ марбут аст.

Казалс яке аз бузургтарин виолончелистҳои асри 20 мебошад, ки саҳми ӯ дар рушди иҷроишҳои виолончелӣ ва фарҳанги ҷаҳонии мусиқӣ бориз аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º хунук, рӯзона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 25-30º сард то 38-40º сард, рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво шабона 7-9º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ