“Пул надиҳӣ беобрӯят мекунам”. Тамаъҷуйии марде, ки худро зан муаррифӣ кардааст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Милитсияи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мардро бо гумони иръоб ё "шантаж" боздошт кардаанд. Ӯ сокини 44-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, як марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ҳамчун “ҳамёни зинда” истифода бурдааст.

Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбар Баҳром Саъдуллоев ном бурдааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки ӯ дар шабакаи “Инстаграм” бо номи занона саҳифа кушода, баъди як марди 28- сола шинос шудан,  “аз вай талаб мекунад, ки барои исботи  вафодорию дӯстдорияш аксҳояи бараҳнаашро ирсол кунад”.

“Баъди ба даст овардани аксҳо ба тамаъҷуйӣ бо роҳи иръоб (шантаж) пардохта, аз ҳамсуҳбати худ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб мекунад”, – омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин, Баҳром Саъдуллоев ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки  агар пул надиҳад, аксҳои бараҳнаашро дар Интернет паҳн ва оилаашро вайрон мекунад.

Ба иттилои манбаъ, охири моҳи ноябр ҷабрдида ба корти бонкии гумонбар 1700 сомонӣ гузаронидааст.

Баъди муроҷиати ҷабрдида кормандони милитсияи ноҳияи Спитамент Баҳром Саъдуллоевро боздошт карда, ҳоло бар зидди ӯ барои  тамаъҷуйӣ ё моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ин банди қонунгшузорӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳолати “шантаж” бо истифода интернет дар Суғд ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чанд нафар барои ин кирдор боздошт шуда буданд.

Аз ҷумла, ВКД моҳи декабри соли гузашта аз боздошти як сокини 18-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ хабар дода буд. Ӯ аз як ҷавони 26-сола барои паҳни акси маҳрамонааш пул талаб карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...