“Пул надиҳӣ беобрӯят мекунам”. Тамаъҷуйии марде, ки худро зан муаррифӣ кардааст

Милитсияи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мардро бо гумони иръоб ё "шантаж" боздошт кардаанд. Ӯ сокини 44-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, як марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ҳамчун “ҳамёни зинда” истифода бурдааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбар Баҳром Саъдуллоев ном бурдааст. Дар […]

Милитсияи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мардро бо гумони иръоб ё "шантаж" боздошт кардаанд. Ӯ сокини 44-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, як марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ҳамчун “ҳамёни зинда” истифода бурдааст.

Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбар Баҳром Саъдуллоев ном бурдааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки ӯ дар шабакаи “Инстаграм” бо номи занона саҳифа кушода, баъди як марди 28- сола шинос шудан,  “аз вай талаб мекунад, ки барои исботи  вафодорию дӯстдорияш аксҳояи бараҳнаашро ирсол кунад”.

“Баъди ба даст овардани аксҳо ба тамаъҷуйӣ бо роҳи иръоб (шантаж) пардохта, аз ҳамсуҳбати худ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб мекунад”, – омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин, Баҳром Саъдуллоев ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки  агар пул надиҳад, аксҳои бараҳнаашро дар Интернет паҳн ва оилаашро вайрон мекунад.

Ба иттилои манбаъ, охири моҳи ноябр ҷабрдида ба корти бонкии гумонбар 1700 сомонӣ гузаронидааст.

Баъди муроҷиати ҷабрдида кормандони милитсияи ноҳияи Спитамент Баҳром Саъдуллоевро боздошт карда, ҳоло бар зидди ӯ барои  тамаъҷуйӣ ё моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ин банди қонунгшузорӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳолати “шантаж” бо истифода интернет дар Суғд ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чанд нафар барои ин кирдор боздошт шуда буданд.

Аз ҷумла, ВКД моҳи декабри соли гузашта аз боздошти як сокини 18-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ хабар дода буд. Ӯ аз як ҷавони 26-сола барои паҳни акси маҳрамонааш пул талаб карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.