Дар ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии кишвар дастгоҳи қабули пардохти ғайринақдӣ насб мекунанд

Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, дар соли 2025 дар тамоми  нақлиёти ҷамъиятии кишвар насби POS-терминалҳо (дастгоҳе, ки пардохти ғайринақдӣ қабул мекунад) ба нақша гирифта шудааст.  Ин ниҳод навиштааст, POS-терминалҳои автобусҳо дар Душанбе нав карда мешаванд ва пардохти роҳкиро на танҳо бо кортҳо, инчунин, бо пули нақд ва гирифтани чек низ имконпазир аст. Вазорати нақлиёт шарҳ […]

Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, дар соли 2025 дар тамоми  нақлиёти ҷамъиятии кишвар насби POS-терминалҳо (дастгоҳе, ки пардохти ғайринақдӣ қабул мекунад) ба нақша гирифта шудааст

Ин ниҳод навиштааст, POS-терминалҳои автобусҳо дар Душанбе нав карда мешаванд ва пардохти роҳкиро на танҳо бо кортҳо, инчунин, бо пули нақд ва гирифтани чек низ имконпазир аст.

Вазорати нақлиёт шарҳ надодааст, ки насби POS-терминалҳо дар микроавтобусҳо  кай оғоз мешавад ва бо оғози насби онҳо ин таҷҳизот ба кор медарояд ё не.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти ин тадбирро шарҳ надоданд.

Қаблан пардохт дар автобусу трелейбусҳои пойтахт тариқи ғайринақдӣ (корти махсус) ба роҳ монда шуда буд. Вале сокинон то ҳол бо пули нақд аз ин нақлиёт равуо кунанд. Дертар талаб карда шуд, ки бар ивази пули нақд бояд ронанда расид диҳад. Аммо ин низом низ риоя намешавад.

Қаблан, соли 2019 ҳукумати пойтахт КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро таъсис дод, ки ба татбиқи барномаи “Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд” шурӯъ намуд.

Аз ҷумла, он лоиҳаи “GPS tracker” (дастгоҳест, ки дар мошин устувор карда мешавад ва барои сабти координатаҳои хатсайри ҳаракат пешбинӣ шудааст) амалӣ намуд. 

Вазорат менависад, дар доираи ин барнома, дар истгоҳҳои шаҳрӣ тоблуҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақти расидан ва шумораи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб карда шудаанд. Аммо айни замон чунин лавҳаҳо танҳо дар 10 истгоҳи пойтахт насб шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.