Вазири нақлиёт аз раванди сохтмони роҳи “Қалаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон” нигаронӣ кардааст

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз сифати корҳои навсозии роҳи “Қалаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон” норозигӣ баён карда, аз рафти сохтмон нигаронӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст. Азим Иброҳим, рӯзҳои 3-4-уми январ ба ВМКБ сафар карда, аз қитъаи таҷдидшавандаи роҳи “Қалаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон” дидан кардааст. Манбаъ навиштааст, ки вазир аз […]

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз сифати корҳои навсозии роҳи “Қалаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон” норозигӣ баён карда, аз рафти сохтмон нигаронӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст.

Азим Иброҳим, рӯзҳои 3-4-уми январ ба ВМКБ сафар карда, аз қитъаи таҷдидшавандаи роҳи “Қалаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон” дидан кардааст.

Манбаъ навиштааст, ки вазир аз раванди кор дар нақби дуюм,  махсусан аз ҳолати баромади нақб изҳори нигаронӣ кардааст.

“Гарчанде, вобаста ба резиши рег ва ноустувор будани ҷинсҳои куҳӣ кори сохтмончиёнро каме мушкил  шуда бошад ҳам, аммо ташкили кор ба талабот ҷавобгӯ набуд”, -навиштааст сомонаи вазорат.

Гуфта шудааст, ки дар оянда роҳсозон барои рух надодани резиши сангу рег, баландиҳои  кӯҳро  бо истифода аз техника ҳамвор мекунанд.

Азим Иброҳим барои босифат ва саривақт ба итмом расонидани корҳои таҷдиду навсозии роҳи мазкур ба коргарон ва мутахассисон супориш додааст. Аммо дар хусуси супоришҳои вазир иттилои мушаххас дода нашудааст.

Бояд гуфт, ки корҳои таҷдиду навсозии қитъаи “Дарвоз –Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон”- и ВМКБ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида буд. Тибқи нақшаи Вазорати нақлиёт роҳ бояд дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба итмом расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди “Қалаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон”-ро то охири соли 2024 ба нақша гирифта буд. Аммо бо сабабҳои номаълум то ҳол корҳои сохтмонии роҳи мазкур ба итмом нарасидааст.

Қаблан, Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ин қитъаи роҳи Душанбе – Қулма қисмате аз долони байниминтақавӣ буда, Чину Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия пайваст мекунад.

Ба гуфтаи вазир, масофаи ин роҳ ба воситаи сохтмони ду нақб, долони зиддитармавӣ (галерея) ва пулҳо 16 км – аз 109 км то 93 км кӯтоҳ мешавад.

Қобили зикр аст, ки қитъаи “Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон” қитъаи душворгузари роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – Қулма маҳсуб меёбад.

Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард. Ба корҳои асосии таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.