Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст

Asia-Plus

Дар 47 минтақаи Русия соли 2024 дар кор (шуғл) барои муҳоҷирон манъу маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Дар ин бора «Вёрстка» хабар медиҳад.

Маҳдудиятҳои зиёдтар дар ин самт – дар 99 соҳа – дар минтақаи Краснодар ҷорӣ шуда, дар ҷойи дуюм вилояти Твер (82) қарор дорад. Аз ҳама камтар маҳдудиятҳо дар вилояти Твер (10 соҳа) амал мекунанд.

Манъу маҳдудиятҳои аз ҳама бештар барои кори муҳоҷирон дар соҳаи хидматрасонии таксӣ ва нақлиёти ҷамъияти (дар 47минтақа), соҳаи савдо (39 минтақа) ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ (14 минтақа) ва кори боррасонӣ ё худ курйер (12 минтақа) ҷорӣ шудааст.

Дар 19 минтақа манъи кор дар соҳаи тиб – беморхонаву дорухона ва истеҳсоли доруворӣ, дар 27 минтақа – дар соҳаи маориф амал мекунад. Дар комплекси ҳарбиву саноатӣ ҳамагӣ дар 7 минтақа  ва дар соҳаи сохтмон танҳо дар ду минтақа: минтақаи Краснодар ва Ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетск маҳдудияҳо ҷорӣ шудааст.

Дар маҳдудиятҳои кор дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ минтақаҳо истисноҳоро пешбинӣ мекунанд – асосан барои коргарони ёрирасон ва поккорон (тозакунандагон). Миқёси чунин истисноҳо баъзан ба дараҷае бузурганд, ки маҳдудиятҳо аҳаммияти худро аз даст медиҳанд.

Тақрибан 40 минтақа аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои кори муҳоҷирон даст кашиданд, аз ҷумла минтақаҳои бузурги иқтисодӣ: Маскав, Санкт-Петербург, Тотористон, Бошқирдистон ва вилояти Свердлов.

Ҳамчунин, дар минтақаҳои Краснодар, Камчатка, Забайкал, Алтай, Примор, Ҷумҳурии Қрим, вилоятҳои Твер, Севастопол, Самара, Саха, Амур, Кемерова, Сахалин, Челябинск, Новгород, Томск, Омск, Вологод, Калининград, Москва, Нинетск, Иркутск, Смоленск, Калуга ва Воронежск.

Ҳиндуҳо ба ҷойи тоҷикистониҳо?

Пас аз амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл» мақомоти Русия маъракаи зидди муҳоҷиронро оғоз карданд. Вакилони Думаи давлатӣ лоиҳаҳои нави қонун пешниҳод намуда, шахсони расмӣ муҳоҷиронро интиқод карданд ва дар сатҳи минтақавӣ барои ба кор гирифтани хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Амалан ин тадбирҳо асосан ба коргарон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон равона шудаанд. Аммо барои онҳо ҳам дар бештари минтақаҳо манъкуниҳо бештар «барои нишон додан» ҷорӣ гардиданд – на барои соҳаҳое, ки муҳоҷирон зиёданд, мисли сохтмон, балки барои кор дар бахши фарҳанг.

Маҳдудиятҳо дар минтақаҳо бо ташаббуси ниҳодҳои қудратӣ роҳандозӣ мешаванд, аммо минтақаҳои бузурги иқтисодӣ ба ин фишорҳо муқовимат мекунанд. Пас аз оғози ҷанг чораҳои алоҳида, аз ҷумла санҷишҳои ғайринақшавии корхонаҳо ҷорӣ шуданд, ки ба рейдҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба артиш табдил ёфтанд. Дар соли 2023 манъи қабули муҳоҷирон ба кор танҳо дар 10 минтақа ҷорӣ гардид. Ҷорисозии маҳдудиятҳо бештар пас аз амали террористӣ дар «Крокус» сурат гирифтанд.

Ин маҳдудиятҳо тавассути қарорҳои мақомоти маҳаллӣ ҷорӣ мегарданд. Дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва изҳороти мансабдорон онҳо бештар ҳамчун манъи ба кор қабул кардани муҳоҷирон дар соҳаи хидматрасонии таксӣ ва дигар бахшҳо соҳаҳо шарҳ дода мешаванд. Дар шарҳҳо бисёре аз корбарон ин қарорҳоро дастгирӣ мекунанд. Аммо дар минтақаҳое, ки маҳдудиятҳо пештар ҷорӣ шудаанд, сокинон зикр мекунанд, ки теъдоди муҳоҷирон ба таври назаррас кам нашудааст.

Гап сари он аст, ки манъи қабул ба кор танҳо ба онҳое дахл дорад, ки барои кор дар кишвар патент доранд. Патентро асосан коргарони кишварҳое мегиранд, ки бо Русия реҷаи бидуни раводид (виза) доранд – асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” дониста мешаванд.

Ба шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), ки ба он Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус шомиланд, гирифтани патент лозим нест. Инчунин, ин маҳдудиятҳо нисбати хориҷиён бо раводиди корӣ, масалан, шаҳрвандони Ҳиндустон, Покистон ва Ветнам мавриди амал қарор намегиранд. Дар чор минтақаи Украина, ки ба Русия ҳамроҳ карда шудаанд, баръакс, барои коргарони хориҷӣ сабукиҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...