“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд

Asia-Plus

Ҳайатҳои “Ҳамос” ва Исроил бо миёнҷигарии Қатар ва ИМА дар шаҳри Давҳаи Қатар созишномаи оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳоро имзо кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар медиҳанд. Дафтари нахуствазири Исроил ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст.

Созиши оташбас дар Ғазза ду рӯз пеш, 15-уми январ аввал аз сӯи нахуствазир Қатар ва баъдан аз ҷониби сарони дигар кишварҳои дахил ба раванди музокирот эълон гардид.

Оташбас аз рӯзи 19-уми январ ба ҳолати иҷро медарояд. Тибқи ин созиш, ки пас аз беш аз якуним соли ҷанг дар Ғазза ва моҳҳои дарози музокирот ҳосил шуд, гаравганҳои исроилӣ ва ба зиндон маҳкумшудагони фаластинӣ дар чанд марҳала раҳо хоҳанд шуд. Ҳамчунин, Имроил нерӯҳои ҳарбиашро аз Ғазза берун мекашад ва барои бозсозии ин минтақа шароит фароҳам оварда мешавад.

Аммо то ҳол кафолати комил нест, ки ҳамаи бандҳои созишнома риоя меашвад. Зеро дар ҳукумати Исроил мухолифони ин созиш ҳастанд.

Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни  гуруҳи “Ҳамос” ба Исроил оғоз шуд. “Ҳамас” 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум кард ва наворро бомборон кард, ки дар пайи он 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...