Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар пойтахт аз боздошти як ҷавони 22-сола хабар дод, ки сабаби марги майори милитсия, корманди Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) шудаааст. Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Душанбе рух додааст.

Мақомот, аз ин ҷавон Анушервон Шарифзода сокини пойтахт ном бурданд ва ӯ “барои содир намудани садамаи марговари нақлиётӣ” боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, ки Шарифзода ҳуҷҷатӣ ронандагӣ надошта, шаби 13-уми январ мошини тамғаи “Опел-Астра”-и падараш Асадулло Шариповро гирифта, вақти ҳаракат дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт Беҳрӯз Саидализода, майоири милитсия ва корманди БДА-ро зимни адои хидмат пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

“Дар натиҷа, Сайдализода Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расид”, – омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар Душанбе.

Ба иттилои мақомот, Анушервон Шарифзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва бар зидди ӯ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ (моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва дар хатар мондани ҷони одам (моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

Тибқи қонунгузорӣ иттиҳоми аввали боздоштшуда вобаста ба бандҳои ин модда то 10 соли зиндон ва иттиҳоми дуюм бо дарназардошти бандҳои модда то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. 

Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Мувоффиқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2020 то 2023-юм дар роҳҳои Тоҷикистон 4 ҳазору 364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 692 нафар ҳалок гашта, 4 ҳазору 776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Тибқи таҳлили Вазорати корҳои дохилии кишвар аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайра рух додаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...