Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА

Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар пойтахт аз боздошти як ҷавони 22-сола хабар дод, ки сабаби марги майори милитсия, корманди Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) шудаааст. Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Душанбе рух додааст. Мақомот, аз ин ҷавон Анушервон Шарифзода сокини пойтахт ном бурданд ва ӯ “барои содир намудани садамаи марговари нақлиётӣ” боздошт гардидааст. Гуфта мешавад, […]

Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар пойтахт аз боздошти як ҷавони 22-сола хабар дод, ки сабаби марги майори милитсия, корманди Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) шудаааст. Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Душанбе рух додааст.

Мақомот, аз ин ҷавон Анушервон Шарифзода сокини пойтахт ном бурданд ва ӯ “барои содир намудани садамаи марговари нақлиётӣ” боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, ки Шарифзода ҳуҷҷатӣ ронандагӣ надошта, шаби 13-уми январ мошини тамғаи “Опел-Астра”-и падараш Асадулло Шариповро гирифта, вақти ҳаракат дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт Беҳрӯз Саидализода, майоири милитсия ва корманди БДА-ро зимни адои хидмат пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

“Дар натиҷа, Сайдализода Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расид”, – омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар Душанбе.

Ба иттилои мақомот, Анушервон Шарифзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва бар зидди ӯ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ (моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва дар хатар мондани ҷони одам (моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

Тибқи қонунгузорӣ иттиҳоми аввали боздоштшуда вобаста ба бандҳои ин модда то 10 соли зиндон ва иттиҳоми дуюм бо дарназардошти бандҳои модда то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. 

Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Мувоффиқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2020 то 2023-юм дар роҳҳои Тоҷикистон 4 ҳазору 364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 692 нафар ҳалок гашта, 4 ҳазору 776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Тибқи таҳлили Вазорати корҳои дохилии кишвар аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайра рух додаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.