Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод

Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент-Душанбе бори сеюм мавқуф гузошта шуд. Ҳавопаймо, ки мебоист баъди ду маротиба таъхир дирӯз, 19-уми январ аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс парвоз кунад, вале аз сабаби номусоидии ҳаво он парвоз накард. Акнун интизор меравад ҳавопаймо 21-уми январ ба ин масир парвоз кунад. Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” […]

Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент-Душанбе бори сеюм мавқуф гузошта шуд. Ҳавопаймо, ки мебоист баъди ду маротиба таъхир дирӯз, 19-уми январ аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс парвоз кунад, вале аз сабаби номусоидии ҳаво он парвоз накард. Акнун интизор меравад ҳавопаймо 21-уми январ ба ин масир парвоз кунад.

Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Қаблан, парвози ҳавопаймо рӯзи 14-уми январ соати 09:00 ба нақша гирифта шуда буд. Вале аз сабаби номусоидии ҳаво дар масири парвоз он аввал ба рӯзи 16-ум соати 09:00 ва баъдан ба 19-ум соати 09:00 мавқуф гузошта шуд.

Намояндаи ин ширкат пештар гуфта буд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст. Арзиши чиптаи ин масир  400 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвози хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод.

Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб рӯзи 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт. 

Ба иттилои ин ширкат, парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб низ ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ мебошад.

Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.

Қаблан низ ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвозҳо ба моҳи январ гузошта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.