Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар пасманзари 40 млн евро (+ бонусҳо) фурӯхтани футболбози ӯзбек Абдуқодир Ҳусейнов (Хусанов) ба тими “Манчестер Сити”,  тасмим гириефтем, ки дар бораи бо чӣ қадар маблағ фурӯхтани футболбозони тоҷик маълумот диҳем.

Ба иттилои портали "Transfermarkt", футболбозони тоҷик бо маблағҳои гуногун фурӯхта шудаанд. Бо назардошти ҳамаи мавсимҳои футбол, рӯйхати гузаштҳо зиёд аст. Ба варақаи радабандии гаронтарин фурӯшҳо ҳамагӣ 22 футболбоз дохил шудаанд.

Ба ин тариқ, гаронтарин фурӯшҳо миёни футболбозони тоҷик гузариши нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи “Зуб Оҳан”-и Эрон дар мавсими 2022/23 ва ҳимоятгар Искандар Ҷалилов ба тими “Истиқлол” дар мавсими слҳои 2018-19 маҳсуб меёбанд. Ҳар кадоме аз муомилоти хариду фурӯш 350 ҳазор евро арзёбӣ шудаанд.

Дар зинаи дуюми гаронтарин фурӯшҳо нимҳимоятгар Хусрав Тоиров қарор дорад, ки дар мавсими солҳои 2022/23 ба маблағи 300 ҳазор евро ба дастаи “Шахтёр”-и Украина гузашт.

Дар мақоми сеюми гаронтарин фурӯшҳо дарвозабон Рустам Ятимов зикр мешавад, ки дар мавсими солҳои 2024/25 бо маблағи 230 ҳазор евро ба дастаи “Ростов” (Русия) фурӯхта шуд.

Дар зинаи чорум ду бозингар – нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Дилшод Восиев қарор доранд. Эҳсон дар мавсими солҳои 2021/22 ба “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ва Дилшод дар мавсими солҳои 2007/08 ба тими “Мика”-и Арманистон гузаштанд. Ҳарду муомилоти хариду фурӯш 200 ҳазор евро арзёбӣ шудаанд.

Ҳамчунин нимҳимоятгар Алиҷони Айнӣ дар мавсими 2023/24 ба тими “Самгурали” (Гурҷистон) ва ҳамлаагр Шериддин Бобоев дар мавсими солҳои 2017/18 ба дастаи “Истиқлол” гузаштанд, ки ҳар кадоме ба маблағи 150 ҳазор евро фурӯхта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...