Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои “паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як сокини 26 солаи ин  шаҳрро барои “тамошо, дастгирӣ ва паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта” ба муддати 6 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар “Барномаи милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод. Маҳкумшуда Акмалҷон Расулов, сокини шаҳри Хуҷанд буда, тибқи моддаи 307 иловаи 3 […]

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як сокини 26 солаи ин  шаҳрро барои “тамошо, дастгирӣ ва паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта” ба муддати 6 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар “Барномаи милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод.

Маҳкумшуда Акмалҷон Расулов, сокини шаҳри Хуҷанд буда, тибқи моддаи 307 иловаи 3 КҶ  ҶТ (ташкили фаъолияти ташкилоти эксремистӣ) аз озодӣ маҳрум шудааст.

Тавре дар гузориш омадааст, Акмалҷон Расулов  тариқи шабакаҳои интернетӣ наворҳои ташкилоти фаъолияташон дар кишвар мамнуъро тамошо ва ҷонибдорӣ карда, дар як вақт тариқи саҳифаи шахсияш ба дӯстонаш тарғиб мекардааст. Мушаххас гуфта нашудааст, ки ӯ наворҳои кадом ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъро тамошо кардааст.

Акбар Шарифӣ дар барнома зикр кардааст “мурофиаи судӣ ба таври ошкор гузашт”. Аммо  назари худи Расулов, вакили дифоъ ва наздиконаш маълум нест, ки бо ин ҳукми суд розӣ ҳастанд ё ба зинаҳои болоии судӣ шикоят мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки барои ҷонибдорӣ ва тарғиби ақадаҳои динӣ ҳамасола  даҳҳои сокинони вилояти Суғд аз озодӣ маҳрум мешаванд. Танҳо дар 6 моҳи соли гузашта Додгоҳи вилояти Суғд бо баррасии 110 парвандаи ҷиноятӣ 130 нафарро вобаста ба терроризим ва экстремизм баррасӣ кард, ки нисбати соли 2023-юм 39 адад зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.