Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?

Дар пасманзари 40 млн евро (+ бонусҳо) фурӯхтани футболбози ӯзбек Абдуқодир Ҳусейнов (Хусанов) ба тими “Манчестер Сити”,  тасмим гириефтем, ки дар бораи бо чӣ қадар маблағ фурӯхтани футболбозони тоҷик маълумот диҳем. Ба иттилои портали "Transfermarkt", футболбозони тоҷик бо маблағҳои гуногун фурӯхта шудаанд. Бо назардошти ҳамаи мавсимҳои футбол, рӯйхати гузаштҳо зиёд аст. Ба варақаи радабандии гаронтарин […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Дар пасманзари 40 млн евро (+ бонусҳо) фурӯхтани футболбози ӯзбек Абдуқодир Ҳусейнов (Хусанов) ба тими “Манчестер Сити”,  тасмим гириефтем, ки дар бораи бо чӣ қадар маблағ фурӯхтани футболбозони тоҷик маълумот диҳем.

Ба иттилои портали "Transfermarkt", футболбозони тоҷик бо маблағҳои гуногун фурӯхта шудаанд. Бо назардошти ҳамаи мавсимҳои футбол, рӯйхати гузаштҳо зиёд аст. Ба варақаи радабандии гаронтарин фурӯшҳо ҳамагӣ 22 футболбоз дохил шудаанд.

Ба ин тариқ, гаронтарин фурӯшҳо миёни футболбозони тоҷик гузариши нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи “Зуб Оҳан”-и Эрон дар мавсими 2022/23 ва ҳимоятгар Искандар Ҷалилов ба тими “Истиқлол” дар мавсими слҳои 2018-19 маҳсуб меёбанд. Ҳар кадоме аз муомилоти хариду фурӯш 350 ҳазор евро арзёбӣ шудаанд.

Дар зинаи дуюми гаронтарин фурӯшҳо нимҳимоятгар Хусрав Тоиров қарор дорад, ки дар мавсими солҳои 2022/23 ба маблағи 300 ҳазор евро ба дастаи “Шахтёр”-и Украина гузашт.

Дар мақоми сеюми гаронтарин фурӯшҳо дарвозабон Рустам Ятимов зикр мешавад, ки дар мавсими солҳои 2024/25 бо маблағи 230 ҳазор евро ба дастаи “Ростов” (Русия) фурӯхта шуд.

Дар зинаи чорум ду бозингар – нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Дилшод Восиев қарор доранд. Эҳсон дар мавсими солҳои 2021/22 ба “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ва Дилшод дар мавсими солҳои 2007/08 ба тими “Мика”-и Арманистон гузаштанд. Ҳарду муомилоти хариду фурӯш 200 ҳазор евро арзёбӣ шудаанд.

Ҳамчунин нимҳимоятгар Алиҷони Айнӣ дар мавсими 2023/24 ба тими “Самгурали” (Гурҷистон) ва ҳамлаагр Шериддин Бобоев дар мавсими солҳои 2017/18 ба дастаи “Истиқлол” гузаштанд, ки ҳар кадоме ба маблағи 150 ҳазор евро фурӯхта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.