Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон

Дар ҳошияи сафари давлатии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар қатори мансабдорони баландпояи эронӣ Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон низ ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ зимни сафари худ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мақомоти гардишгарии кишвар вохӯрда, якчанд созишнома ва тафоҳум ба имзо расонид. Баъди бозгашт […]

Таҳияи Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар ҳошияи сафари давлатии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар қатори мансабдорони баландпояи эронӣ Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон низ ба Тоҷикистон омада буд.

Ӯ зимни сафари худ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мақомоти гардишгарии кишвар вохӯрда, якчанд созишнома ва тафоҳум ба имзо расонид. Баъди бозгашт аз сафари Тоҷикистон ӯ ёддошти худро аз ин сафар нигоштааст, ки "TEHRAN TIMES" онро нашр кардааст.

 

Сафари “мутафовит ва бисёр ширин”

Вазир ин сафари худро бо далоили фаровон аз сафарҳояш ба дигар кишварҳо “мутафовит ва бисёр ширин” унвон додааст.

Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ нахуст аз истиқболи гарм ва ишқи бедареғи мардуми Тоҷикистон ба Эрону забони форсӣ таъкид карда, аз гӯйишҳои зебои форсӣ ва номи хиёбону тандисҳое, ки дар ҳар кӯйу барзан ба исми нухбагони бузурги форс насб шудаанд, ба ваҷд омадааст.

Ӯ алорағми чолишҳои чанд соли охир ба ҳам омадани мардуми фосзабони ду кишварро фоли нек дониста, инро имкони хубе барои масъулони ҳарду ҷониб барои густариши иртиботи иқтисодиву фарҳангии якдигар хондааст.

Ҳамчунин аз он ёдовар шудааст, ки дар ҳоле, ки ҷаҳонро ахбори ногувори мунозироту ҷангҳо фаро гирифтааст, рӯйдоди шеърхонии раисони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи миллионҳо форсзабононро, ки гароишҳои фикриву сиёсии мухталиф доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб кардааст.

 

Тасдиқи лағви пурраи раводид

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва сайёҳии Эрон бори дигар дар ёддошташ тасдиқ кардааст, ки баҳси раводид миёни ду кишвар комилан ҳал шуд.

Ӯ навиштааст, “шахси раиси ҷумҳур ва ҳайати давлат пеш аз анҷоми ин сафар тасмим ба лағви раводиди ҳамаҷонибаи атбоъи Тоҷикистон гирифт, то заминаҳои густариши равобити дутарафа фароҳам шавад.”

Дар ҷараёни сафар ва дидор низ раисҷумҳури ду кишвар аз лағви раводид ҳарф зада, шаҳрвандони кишварҳои якдигарро барои сафари бемаҳдуд ба Эрону Тоҷикистон даъват карда буданд.

Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ дидор бо вазири фарҳанг ва раиси кумитаи сайёҳии Тоҷикистон ва имзои чанд санадро дар ин ришта давтоварди муҳим барои ду кишвар арзёбӣ кардааст.

Ба навиштаи ӯ, бо раиси кумитаи сайёҳии Тоҷикистон барои афзоиши гардишгарони ду кишвар аз 8 ҳазор то ба 100 ҳазор созишнома имзо кардаанд. Ҳамчунин бо вазири фарҳанг сари иҷрои ҷашнвораҳои муштарак бар пояи ойину русуми таърихи худ ҳамчун Наврӯз ба тавофуқ расидаанд.

Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки барои таъмиру бозсозии осори таърихиву бостонии Тоҷикистон бо мақомоти кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Ин мансабдори эронӣ бозкушоии “Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ”-ро дар Душанбе, ки соли 1995 боз шуда буду солҳо инҷониб аз фаъолият бозмонда буд, иттифоқи мусбати дигари ин сафар унвон додааст.

“Мутаассифона, пажӯҳишгоҳ ба далоили сиёсӣ ба муддати ҳафт сол таътил шуда буд ва бисёре аз пажӯҳишгарони мумтози ду кишвар аз таътили он амиқан мутаассиф буданд”, – менависад ӯ.

 

Поёни нома

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар поёни нома аз хонандагони ин ёддошт хоҳиш кардааст, ки ин номаро бо нигоҳи фарҳангии орӣ аз расмиёти идорӣ бипазиранд, зеро чуноне дар боло зикр шуд, дастовардҳои ин сафарро бисёр мутафовит мебинад.

“Яқин дорам, ки дар сурати пайгирии тафоҳумномаҳои имзошуда, уфуқи тоза дар муқобили ду миллати Эрону Тоҷикистон кушода хоҳад шуд ва мо сокинони қаламрави забони форсӣ метавонем бори дигар дар канори ҳам ба густариши таърихи саросари фарҳанги худ биболем”, – бо чунин изҳорот ёддошти худро хотима бахшидааст.

Бояд гуфт, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бегоҳи 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. Ӯро 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт ва байни мақомоти ду кишвар 23 созишнома ба имзо расид.

Раисони ду кишвар бо ҳам мулоқоти гарм доштанд ва дар мавриди густариши ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо мулоқот карда, шеър ҳам хонданду шаҳрвандони кишварҳои якдигарро ба далели лағви раводид ба Эрону Тоҷикистон даъват карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.