Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт

Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Панҷакент-Душанбе имрӯз, 24 январ бо 17 мусофир анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс 45 дақиқаӣ давом кардааст. “Ҳавопаймо аз Душанбе соати 10:25 парвоз карда, соати 11:10 ба фурудгоҳи Панҷакент фуруд омад. Аз шаҳри […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Панҷакент-Душанбе имрӯз, 24 январ бо 17 мусофир анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс 45 дақиқаӣ давом кардааст.

“Ҳавопаймо аз Душанбе соати 10:25 парвоз карда, соати 11:10 ба фурудгоҳи Панҷакент фуруд омад. Аз шаҳри Панҷакент ҳавопаймо соати 12:25 парвоз карда, соати 13:10 ба Душанбе фуруд омад” – гуфтанд аз ин ширкат.

Дар ҳавопаймо як қатор мансабдорон, аз ҷумла муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини директори генералии ин ширкат низ будаанд. Мусофиронро дар Панҷакент масъулини ҳукумат ва аҳли ҳунар пешвоз гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” рӯзи 8-уми январ аз кушода шудани хатсайри нави ҳавоӣ дар масири “Душанбе-Кӯлоб” ва “Душанбе-Панҷакент” иттилоъ дода буд.

Парвози аввалин дар масири “Душанбе-Панҷакент” бояд 14-уми январ анҷом меёфт, аммо 4 маротиба ба таъхир гузошта шуд. Масъулин сабаби ба таъхир гузошта шудани парвозҳоро ба номусоидии ҳаво рабт дода буданд.

Парвоз дар масири “Душанбе-Панҷакент” ва баръакс ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе сурат мегиранд. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.