Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон

Фирдавс Ҳаётзода, ки то ин дам муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд, ба ҳайси додситони ҳарбии кишвар, ҳамзамон муовини додситони кул пешниҳод шудааст. Номзадии ӯро Маҷлиси миллӣ бояд тасдиқ кунад. Амри барканорӣ ва пешниҳод ӯ, имрӯз, 24-уми январ дар сомонаи президенти кишвар дар якҷогяӣ бо чанд қарору фармони дигар нашр шуд. Ба ҷои Фирдавс […]

Asia-Plus

Фирдавс Ҳаётзода, ки то ин дам муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд, ба ҳайси додситони ҳарбии кишвар, ҳамзамон муовини додситони кул пешниҳод шудааст. Номзадии ӯро Маҷлиси миллӣ бояд тасдиқ кунад.

Амри барканорӣ ва пешниҳод ӯ, имрӯз, 24-уми январ дар сомонаи президенти кишвар дар якҷогяӣ бо чанд қарору фармони дигар нашр шуд.

Ба ҷои Фирдавс Ҳаётзода ба курсии муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, Тоҷиддин Саидзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Сино буд, нишаст. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон аст. 

То ин дам Ҳабибулло Воҳидзода муовини додситони кул ва ҳамчунин, додситони ҳарбии кишвар буд, ки дирӯз номзадиаш ба курсии додситони кул пешниҳод шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, номзадии Хайриддин Қосимзода, ки то ин дам додситони шаҳри Роғун буд, ба вазифаи муовини додситони кулл ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст.

Қариб як сол ин курсии дигари муовини додситони кулл холӣ буд. То моҳи феврали соли 2024 дар ин вазифа Дилшод Талбакзода фаъолият дошт.

Ҳамчунин, бо амри президент, Худоёр Худоёрзода аз вазифаи сардори раёсати молияи дастгоҳи президент озод ва бо қарори ҳукумат муовини якуми раиси “Амонатбонк” таъин гардидааст. Ба ҷои ӯ, Маҳмуд Ҷумъазода, ки  мушовири калони бахши Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буд, сардори Раёсати молияи дастгоҳ таъин шуд.

Ҷонибек Холиқзода аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин, Алишер Абдуллозода аз вазифаи муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроия озод ва сардори ин раёсат таъин шудааст.

Нуралӣ Собирзода, ки то ин вақт ба ҳайси муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт, бо амри Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроия таъин гардид.

Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Давоми як ҳафтаи охир, аввал вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ,  оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд.

Ҳамчунин, дирӯз Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру фармонҳо вазирону раисони “дарозумр”-и тоҷикро аз вазифа озод кард. Онҳо кистанд ва ҷомеа аз чеҳраҳои нав чӣ интизориҳо доранд, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио