НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд

Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои чанд фармону қарори алоҳида, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаро аз вазифа озод кард. Ӯ ҳамчунин, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли кишварро "бо сабаби гузаштан ба кори дигар" аз вазифа барканор ва бозхондашро барои тасдиқ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад. Манбаъ навишт, ки Ҳабибулло Воҳидзода, […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои чанд фармону қарори алоҳида, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаро аз вазифа озод кард. Ӯ ҳамчунин, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли кишварро "бо сабаби гузаштан ба кори дигар" аз вазифа барканор ва бозхондашро барои тасдиқ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки Ҳабибулло Воҳидзода, ки то ин дам муовини додситони кул ва ҳамчунин сардодситони ҳарбии кишвар буд, ҳамчун додситони кул таъин гардида, номзадиаш барои тасдиқ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст. 

Ҳамчунин, ба ҷои Шералӣ Мирзо, Эмомалӣ Собирзода, ки то ин вақт муовини вазири дифоъ буд, вазири мудофиаи кишвар таъин шудааст. Номзадии онҳоро бояд Маҷиси миллӣ тасдиқ кунад.

Шералӣ Мирзо  бошад ба курсии сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон такя зад. То ин дам дар ин вазифа Аҳтам Абдуллозода, ки чанд рӯз пеш сардори Хадамоти иҷро таъин шуд, кор мекард.

Ҳамчунин, Бобоҷон Саидзода ба ҷои Эмомалӣ Собирзода муовини якуми Вазири мудофиа –  сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин шудааст. Саидзода то ин дам муовини вазири дифоъ буд.

Ба ҷои Бег Сабур ба курсии сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло нишаст. Бег Сабур баъди 14 соли раисӣ ба нафақа гусел карда шуд. Исфандиёри Саъдулло муовини раиси ширкати "Телерадиоком" буд.

 

Бег Сабур (Зуҳуров) 10 соли охир сардори Хадамоти алоқа буд ва бо баёниҳои баҳсбарангезаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, соли 2012 ҳангоми нооромиҳо дар вилояти Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд, ӯ гуфта буд, “як тири як шикорчӣ тамоми алоқаро бо вилоят канд”. Бори дигар гуфта буд, “Марк Тсукерберг кӣ ҳаст, як бор биёяд бо ман гап занад.”

Ӯро ҳамчунин пайваста барои суръати паст ва нархи баланди истифодаи интернет, маҳрум кардани мардум аз дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекарданд.

Бег Сабур дар баробари кори давлат ба фурӯши хонаҳо ҳам машғул буд ва ҳамин мавзуъ борҳо сабаби интиқоди ӯ гаштааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки Қарахон Чиллазода аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоб озод ва ба ҷои ӯ Ҷамшед Каримзода ба ин вазифа таъин шавад. Каримзода аз моҳи январи соли 2024 то кунун муовини раиси вилояти Хатлон буд. Пештар дар вазифаи муовини аввали вазири молия кор кардааст.

Ба ғайр аз ин, Абдуллозода Зебонисо вазифаи муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Номзадии ӯ барои барканорӣ аз муовини аввали раис ва таъинаш ба раиси додгоҳи иқтисодӣ ба Маҷлими миллӣ пешниҳод шудааст. То ин дам Рустам Мирзозода раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон буд ва ду рӯз пеш номзадиаш барои таъин ба раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.

 

Зебонисо Абдуллозода, фарзанди Файзулло Абдуллоев, вазири адлияи Тоҷикистон дар солҳои 1990–1993 мебошад.

Ҳамчунин, Шоҳиён Абдусаттор "бо сабаби гузаштан ба кори дигар" аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ, Хуршед Сафарзода сардори ин донишкада таъин шудааст. Маълум нест, ки Сафарзода пеш аз ин дар чӣ вазифа кор мекард.

Бо қарори дигари ҳукумати кишвар, Ориф Амирзода "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод шудааст. Ӯ ба чӣ мансаб таъин шудааст ва ба ҷои ӯ кӣ ба курсии ин пажуҳишгоҳ такя задааст, ҳоло маълум нест.

Ҳамчунин, бо амри приезидент, Аҳлиддин Маҷидзода "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод гардидапаст. Вай ба чӣ вазиф таъин ва кӣ ба курсии ӯ нишастааст ҳоло аниқ нест.

Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Ду рӯз пеш, вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ,  оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.