Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи “ДайДушки” зери тарма монда, ҳалок шуд

Рӯзи 25-уми январ Ҷаъфар Осимов, ки дастаи дӯстдорони сайру саёҳати "ДайДушки"-ро таъсис дода буд, ҳангоми лижаронӣ дар нуқтаи баландтарини осоишгоҳи "Сафеддара" зери тарма монда, ҳалок шуд. Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ҳангоми фаромадани тарма Ҷаъфар ва ду дӯсти ӯ бидуни риояи чораҳои бехатарӣ лижаронӣ мекардаанд ва дар натиҷа зери анбӯҳи […]

Asia-Plus

Рӯзи 25-уми январ Ҷаъфар Осимов, ки дастаи дӯстдорони сайру саёҳати "ДайДушки"-ро таъсис дода буд, ҳангоми лижаронӣ дар нуқтаи баландтарини осоишгоҳи "Сафеддара" зери тарма монда, ҳалок шуд.

Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ҳангоми фаромадани тарма Ҷаъфар ва ду дӯсти ӯ бидуни риояи чораҳои бехатарӣ лижаронӣ мекардаанд ва дар натиҷа зери анбӯҳи барф мондаанд.

"Ду нафари онҳо тавонистанд мустақилона аз зери барф берун бароянд. Баъди ин онҳо кумак талаб кардаанд. Кормандони осоишгоҳи лижаронӣ ба ёрӣ омада, ҷасади Ҷаъфарро аз зери барфи ғафс пайдо кардаанд", – гуфт ба “Азия-Плюс” Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Номбурда зикр кард, ки ду дӯсти марҳум бо осебҳои сабук ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, Кумита бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносоон огоҳ карда буд, ки аз 25 то 27 январ дар робита ба болоравии ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони тобеи марказ, инчунин роҳи мошингарди Душанбе – Чанок ва ғарби ВМКБ ҳолатҳои фаромадани тарма дар назар аст.

Кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои дарозмуддат бахусус ба ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон, шикору моҳидорӣ ва ҷамъоварии  ҳезум дар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки Ҷаъфар Осимов бунёдгузори дастаи “ДайДушки” аст, ки аз соли 2021 хоҳишмандонро ба сафару сайругаштҳо даъват мекунад. Ӯ орзу дошт, ки баландтарин нуқтаи Тоҷикистон – қуллаи Исмоили Сомониро бо баландии 7495 метр аз сатҳи баҳро фатҳ кунад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.