Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?

Тасдиқи номзадии ӯ ба парлумон пешниҳод шуда, дар сурати маъқул дониста шудан, ӯ дар ин мансаб Рустам Мирзозодаи 50-соларо иваз мекунад (аз соли 2022 дар ин вазифа буд). Номзадии Рустам Мирзозода ба вазифаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҷойи Шермуҳаммад Шоҳиён (аз соли 2015 дар ин вазифа буд) пешниҳод шудааст. Зебонисо Абдуллозода 22 декабри соли […]

Тасдиқи номзадии ӯ ба парлумон пешниҳод шуда, дар сурати маъқул дониста шудан, ӯ дар ин мансаб Рустам Мирзозодаи 50-соларо иваз мекунад (аз соли 2022 дар ин вазифа буд). Номзадии Рустам Мирзозода ба вазифаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҷойи Шермуҳаммад Шоҳиён (аз соли 2015 дар ин вазифа буд) пешниҳод шудааст.

Зебонисо Абдуллозода 22 декабри соли 1972 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 2001-ум факултаи ҳуқуқшиносии Донигоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, маълумоти олӣ гирифтааст.

Ӯ духтари Файзулло Абдуллоев, вазири адлияи Тоҷикистон дар солҳои 1990-1993, додрас ва собиқ раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар солҳои 2004-2008 ва 2008-2011 мебошад.

Вай дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки ҳарчанд падараш тавсия медод, ки Зебонисо омӯзгор шавад, лекин ӯ аз хурдӣ ҳуқуқшинос шудан мехост.

 

Аз кор дар Вазорати маориф то роҳбари Додгоҳи олии иқтисодӣ

Фаъолияти кории ӯ ҳанӯз соли 1992 дар Вазорати маориф оғоз гардида, дар ин ҷо ӯ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи раёсти маъмуриву хоҷагидорӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ кор кардааст.

Баъдан аз соли 1998 Абдуллозода дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.

Зебонисо Абдуллозода чандин бор дар давраҳои омӯзишии такмили ихтисос дар Маркази таълимии додрасҳо дар назди Додгоҳи олии иқтисодӣ таҳсил кардааст. Соли 2019 ба ИМА рафта, дар муддати ду ҳафта кори додрасҳо ва низоми муассисаҳои ислоҳиро омӯхтааст.

Моҳи августи соли 2023 барои хидматҳои арзанда бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.

Соли 2017 вай раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ва соли 2024 – муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон таъин гардид.

 

Мушкилоте, ки бояд Зебонисо Абдуллозода барои ҳалли он талош варзад

Додрас бо зарурати ба охир расонидани ҷараёни барҳамдиҳии ду бонки бузург – “Тоҷиксодиротбнк” ва “Агроинвестбонк” дучор мешавад. Иҷозатномаи ин бонкҳо соли 2021 бозхонд шуда, ҳаҷми уҳдадориҳои онҳо он замон зиёда аз 2,6 млрд сомониро ташкил медоданд.

Сарфи назар аз пардохтҳо ба маблағи 400 млн сомонӣ дар давраи аз соли 2021 то 2024, қисми зиёди қарзҳо пардохтнашуда боқӣ монда, ҷараёни барҳамдиҳӣ идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки барҳамдиҳии ин бонкҳо ба фурӯши дороиҳо марбут аст, ки мувофиқи ҳисобот, аз уҳдадориҳо зиёданд: дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3,88 млрд сомонӣ ва “Агроинвестбонк” – 1,6 млрд сомонӣ арзёбӣ мешаванд.

Аммо идоракунии ин дороиҳо риояи қатъии қонунгузориро тақозо менамояд, ки ин вазифаро хеле муҳим мегардонад.

Зебонисо Абдуллозода бояд идоракунии пурсамар ва қонунии ин дороиҳоро таъмин кунад, ба ҷараёни пардохти маблағҳо суръат бахшад ва баҳсҳои ҳуқуқиро миёни бонкоҳову муштариёнашон ҳаллу фасл намояд.

Ҳамчунин яке аз вазифаҳои муҳим барои ӯ беҳтар сохтани ҳамкории мутақобила байни мақомоти додгоҳ ва муассисаҳои молиявӣ, инчунин бунёди механизмҳо барои барвақт ошкор сохтани мушкилоти молиявӣ дар низоми бонкӣ хоҳад буд.

Абдуллозода ҳамчунин бояд баррасии пурсамари баҳсҳои иқтисодиро ба роҳ монад, то ки шаҳрвандон ва ширкатҳо дар додгоҳҳо як василаи воқеиии ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои худро бинанд.

Ҳадафи асосии ӯ натанҳо анҷом додани барҳамдиҳии бонкҳо бо ҳадди ақалли зарар барои амонатгузорон ва қарздеҳон, балки эҷоди як низоми устуворест, ки тавонад буҳронҳои молиявии ояндаро пешгирӣ кунад ва эътимоди шаҳрвандонро ба низоми додгоҳии Тоҷикистон барқарор намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.