Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи “Крокус” вохӯрад

Ба Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё омбудсмен дар Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун гумонбари асосии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳ қарор доранд, вохӯрад. Дар ин бора худи ӯ имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Номбурда гуфт, баъдан ин вазъро телефонӣ бо Татяна Москалкова, […]

Манзурам Фирӯз, Asia-Plus

Ба Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё омбудсмен дар Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун гумонбари асосии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳ қарор доранд, вохӯрад. Дар ин бора худи ӯ имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, баъдан ин вазъро телефонӣ бо Татяна Москалкова, омбудсмени Русия баррасӣ кард ва ӯ эътироф намуд, ки намоиши оммавии боздоштшудагон тавассути телевизион ва шиканҷаи онҳо қонуншиканӣ аст.

Татяна Москалкова ваъда додааст, ки вазъро ҳамаҷониби таҳқиқ карда, дар доираи қонун чораандешӣ мекунад.

Омбудсмени Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Русия чораҳо меандешад, то ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳифз шаванд.

Бояд гуфт, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус”, ки 144 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ боздошт гардида, қариб як сол мешавад дар боздоштгоҳ қарор доранд. Онҳо Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов мебошанд. Наздикону пайвандони боздоштшудаҳо ба ин иттиҳом бовар надоранд.

 

Нигаронӣ аз вазъи муҳоҷирон дар Русия

Ҳамчунин, Умед Бобозода дар ҳузури рӯзноманигорон дар робита ба бад шудани вазъи муҳоҷирон баъди ҳодисаи “Крокус” нигаронӣ карда, гуфт, ба ҳамтои русаш зиёда аз 10 нома дар бораи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ирсол кардааст. Вале танҳо ба мактуби охираш, ки моҳи октябри соли 2024 ирсол шуда буд, ҷавоб гирифтааст.

"Дар посух ба муроҷиати охирин ваъда дод, ки ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳимоя мекунад. Вай гуфт, ки муроҷиати онҳо бо чанде аз намояндагон ва Вазорати корҳои дохилии Русия, инчунин бо дигар ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар дигар минтақаҳои Руссия баррасӣ шудааст. Онҳо изҳор карданд, ки ин масъала таҳти назорат қарор дода мешавад. Аммо то ҳол маълум нест, ки ин чӣ гуна амалӣ мешавад", – зикр кард Умед Бобозода.

Ӯ гуфт, ки нашри наворҳои зиёди муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи нақзи ҳуқуқашон сабаб шуд, ки вай ба ҳамтои руси худ дархост фиристода, аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят канад.

Бояд гуфт, Бобозода моҳи октябри соли 2024 бо ирсоли як нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ дар ин нома аз Татяна Москалкова хоста буд, ки ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия таваҷҷуҳ кунад ва ин масъаларо зери назорат гирад.

«Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар марз барои муддати тӯлонӣ, баъзан то чанд рӯз, бе шароити кофии нигоҳдорӣ ва таъмини ғизо нигоҳ медоранд. Дар байни онҳо кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯён, шахсони солхӯрда, занон ва кӯдакон низ ҳастанд», – зикр мешуд дар муроҷиат.

Ёдовар мешавем, ки баъди ҳодисаи “Крокус” фишору таъқиб болои муҳоҷирони кории тоҷик якбора авҷ гирифта, мақомоти ин кишвар будини шарҳ садҳо муҳоҷири тоҷикро аз Русия ихроҷ ва ё дар сарҳади ин кишвар намегузоштанд, вориди Русия шаванд.Ин вазъ то ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио