Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад

Мақомоти Амрико то моҳи ноябри соли гузашта 1 миллиону 445 ҳазор 549 шаҳрванди хориҷиро аз кишварҳои гуногун ба рӯйхати нафароне, ки мехоҳанд аз ин кишвар ихроҷ кунанд, шомил кардаанд. Дар ин рӯйхати номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ин рӯйхатро хабаргузории "Fox News" бо такя ба Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) ИМА нашр кардааст.   […]

Asia-Plus

Мақомоти Амрико то моҳи ноябри соли гузашта 1 миллиону 445 ҳазор 549 шаҳрванди хориҷиро аз кишварҳои гуногун ба рӯйхати нафароне, ки мехоҳанд аз ин кишвар ихроҷ кунанд, шомил кардаанд. Дар ин рӯйхати номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ин рӯйхатро хабаргузории "Fox News" бо такя ба Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) ИМА нашр кардааст.  

Ба иттилои ICE, шумораи бештари афроди дар рӯйхати ихроҷбуда шаҳрвандони Гвотамоло (253 ҳазору 413 кас), Ҳандурос (261 ҳазору 651 кас), Мексика (252 ҳазору 044 кас) ва Салвадор (203 ҳазору  822 кас) мебошанд.

Ҳамчунин, дар ин рӯйхат намояндагони Чин – 37 ҳазору 908 нафар ва Русия – 3 ҳазору 518 нафар ҳузур доранд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯйхат аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон 975 нафар, Қазоқистон 369 нафар, Қирғизистон 319 нафар, Тоҷикистон 149 нафар ва Туркманистон 40 нафар мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи ин нафароне, ки ба рӯйхати ихроҷ аз Амрико ворид шудаанд, ҳоло дар ҳабс нестанд, аммо қарори ниҳоӣ дар бораи ихроҷи онҳо алакай содир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп баъди бозгашти дубора Кохи Сафед аз мубориза бо "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ба ИМА ҳушдор дод ва гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар  мубориза хоҳад бурд.

Муҳоҷироне, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд, ҳамрӯза аз амалиёти боздошт (рейдҳо) ва ихроҷи шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд, дар ҳаросанд.

Ин тасмим аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору иқомат доранд нигаронӣ кардааст.

“Азия-Плюс” қаблан, бо чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар иёлатҳои гуногуни Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбат кард ва маълум шуд, ки чӣ гуна ин тасмим президенти нави ИМА онҳоро дар лобалои тарсу умед гузоштааст. Андешаи тоҷикони муқими ИМА-ро дар ин линк хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.